Захмӣ намудани ҳамсар бо корд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 25-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии хушмоманаш омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 25-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш ва 2-маротиба ба дасташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бознашр аз сомонаи www.vkd.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ