Рӯдакӣ: Нуралӣ Назаров худро ба дор овехт

Сокини 52-солаи деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент Нуралӣ Назаров, рӯзи 25-уми декабр дар таҳоратхонаи манзилаш худро ба дор овехт. Сабаби худкушии ин мард пурра равшан нест, аммо манобеъи наздик ба хонаводаи марҳум мегӯянд, чанд моҳ пеш, ӯ дар роҳи автомобилгарди Шӯрча – Панҷакент, дар наздикии деҳаи Боғча, кӯдакеро бо мошин пахш карда буд. Дар натиҷа кӯдак дар беморхона ба ҳалокат расид ва акнун бояд Нуралӣ Назаровро барои он садамаи маргбор ба додгоҳ мекашонданд.

Бино ба маълумоти манбаъи «Ахбор”, бояд ҳамин шабу рӯз мурофиаи судии Нуралӣ Назаров баргузор мегардид. Додараш ба ӯ мегӯяд, «ако пагоҳ бояд ба суд равем”. Баъди ин суханон, марҳум офтобаро гирифта ба таҳоратхона медарояд ва баъди таҳорат худро дар он ҷо меовезад. Ба гуфтаи сокинони Панҷрӯд, Нуралӣ Назаров шахси намозхон буд.

Дар ҳамин ҳол як корманди милитсияи шаҳри Панҷакент вобаста ба ҳодисаи пахш кардани як ноболиғ аз ҷониби Нуралӣ Назаров гуфт, ӯ бо автомашинаи тамғаи «Опел” ноболиғеро аз деҳаи Боғча пахш карда, худаш бачаро то беморхона мебараду, вале баъд шояд аз тарс бошад ё саросемагӣ ё чизи дигар фирор мекунад. Дар роҳи бозгашт кормандони милитсия ӯро дастгир мекунанд.

Он замон Нуралӣ Назаров иддао мекунад, ки дилаш касал асту фишораш баланд шудааст.

Рӯзи 25 декабр ҷасади Нуралӣ Назаровро барои ташхис ба шаҳри Панҷакент бурданд ва ҷанозаи ӯ рӯзи 26-уми декабр дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд ба хок супорида шуд.

Худкушии ин мард дар ҳолест, ки амали сӯйиқасд ба ҷони худ дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Тибқи оморҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар қасди ҷони худ мекунанд. Дар шаҳру деҳоти Панҷакент, тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ шумораи худкуширо зиёда аз 20 ҳолат мегӯянд, ки бештарашон мардҳо будаанд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *