Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов

“Таърих кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат ва матонат дошта бошад”.

Академик Григорий Максимович Бонгард

(Давоми мақола)

Дар бораи муносибати ин ду шахсияте, ки дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург доранд, бори аввал аз забони Раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров (солҳои 1956 – 1961 ) шунида будам. Ин соли 1980 буд. Ба Афғонистон се нафар — Абдулаҳад Қаҳҳоров, Мирзо Бобоев (Котиби КМ ПК Тоҷикистон)  ва Қуйбоқаров (вазири зироати Ӯзбекистон) барои роҳандозии ислоҳоти аграрӣ сафарбар шуда буданд. Он вақт банда муддате бо онҳо ба сифати тарҷумон кор кардам.

Абдулаҳад Қаҳҳоров шоме эълон доштанд, ки фардо ба Ҳирот, зиёрати мазори Абдураҳмони Ҷомӣ меравем. Субҳ барвақт ба сафар баромадем. То Ҳирот тахминан беш аз 800 километр буд. Ҳарчанд роҳ хеле хуб буд, мо оҳиста ҳаракат доштем. Ҷо-ҷо мошинро таваққуф медодем ва аз мавзеъҳои таърихӣ дидан менамудем. Ҳанӯз торики рӯзро лағат нокарда буд, ки ба Қандаҳор, ки дар миёни Кобулу Ҳирот қарор дорад, расидем. Тасмим шуд, ки шабро дар он ҷо мегузаронем. Он шом чор кас якҷо ғизо хӯрдем ва сипас ман беруни меҳмонхона қадамзанӣ баромадам. Сари роҳ  мағозаи китобфурӯшӣ даромадам. Замоне, ки ба меҳмонхона баргаштам, посе аз шаб гузашта буд.  Абдулаҳад Қаҳҳоров дар гӯшаи толори даромадгоҳи меҳмонхона китоб мехондад. Маро дидан замон наздашон даъват намуданд.

-Дар даст чӣ китоб доред?- Пурсиданд.

-Девони Муҳаммад Иқбол гуфтам ва ҷонибашон дароз намуданд.

Он кас китобро варақ заданд ва ишора намуданд, ки паҳлуяшон нишинам(Абдулаҳад Қаҳҳоров бо тахаллуси Туробӣ шеър мегуфтанд). Суҳбати мо то дили шаб давом дошт. Зимнан сухан аз Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов рафт. Он кас ботаассуф зикр намуданд, ки нигоҳи ин ду шахсият, ки ҳар ду нафсашонро кушта буданд, ба ҷумҳурӣ мухталиф буд. Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳи хоса ба кишоварзӣ доштан. Аммо Бобоҷон Ғафуров мегуфтанд, ки истеҳсоли пахтаро ба як миллион тонна расонем ҳам, номи тоҷикро бардоштан наметавонем. Яке аз сабабҳои рӯй овардан ба таърих, зинда сохтани таърихи тоҷикон низ ҳамин буд. Ин нигоҳ боиси ихтилофи назар дар мавриди кӯчонидани мардуми Яғноб ба Зафаробод гашта буд. Ҷаббор Расулов кушиш мекард аз сӯҳбат бо Бобоҷон Ғафуров канораҷӯӣ кунад. Вале новобаста аз ин, Бобоҷон Ғафуров ҳамчун директори Институти шарқшиносии  СССР хаттӣ муроҷиат карда буданд, ки аз кӯчонидани мардуми Яғноб худдорӣ шавад. Зеро забони яғнобӣ санади зиндаи мансубияти тоҷикон ба Суғдиён буд. Ҳамин назарро нисбати забонҳои помирӣ низ доштанд. Аммо кӯшишҳои Бобоҷон Ғафуров барои зинда сохтани таърихи тоҷикон, бостоншиносӣ, фарҳанг об дар ҳован кӯфтан буд. Махсусан баъди чопи китоби «Тоҷикон» Ҷаббор Расулов бо ҳар роҳ мехостанд аз мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров худро ба канор гиранд. Яке аз чунин мулоқотҳоро ба ёд оварда, собиқ муҳофизи (телехранител)-и Ҷаббор Расулов генерал, асосгузори хадамоти гумрук дар ҷумҳурӣ, собиқ муовини вазири амнияти Тоҷикистон Худойқул Ҳамроқулов нақл мекунанд: «Дар қабулгоҳи Ҷаббор Расулов менишастам. Ногоҳ дар боз шуду як марди фарбеҳи гандумранги қадпаст, ки зери бағал ду китоби ғафс доштанд, хиромон ворид шуданд.

-Хизмат?- Пурсидам аз он кас.

-Назди Ҷаббор Расулов даромадан мехоҳам, гуфтанд.

-Иҷозат нест гуфтам ва монеъи даромадани он кас шудам.

Он мард ақиб гаштанд ва аз даҳлез берун рафтанд. Дақиқае чанд баъд бо мудири шӯъбаи умумӣ Лилия Ивановна дубора баргаштанд. Лилия Ивановна ба ман наздик шуд ва даст ба китфам гузошта пурсид:

-Ин касро нашинохтӣ?

-Не, гуфтам.

-Бобоҷон Ғафуров, -гуфт.

Шарм доштам, зери обу арақ мондам. Аз ҷониби дигар тарс дар вуҷудам пайдо шуд, ки агар Бобоҷон Ғафуров ба Ҷаббор Расулов шикоят кунанд, маро аз кор меронанд. Дар курсӣ мисли оне буд, ки дар нӯги сӯзан нишаста будам. Лаҳзае баъд Ҷаббор Расулов ба кабинет даъват карданд. Тарсон даромадам. «- Шинос, ин кас Бобоҷон Ғафуров»- гуфтанд Ҷаббор Расулов ва фармуданд, ки сигорет ва чои 95 орам. Он вақт чои 95 камёб буд. Барои котиби якум дар як моҳ ним кило медоданд. Хостам пайи иҷрои супориш равам, вале Бобоҷон Ғафуров маро боздоштанд:

-Зиқ нашав, комиссар, ту вазифааатро иҷро кардӣ ва корат дуруст аст гуфтанд ва китобро аз рӯи миз гирифта, ҷонибам дароз карданд:

— Ин ба шумо туҳфа гуфтанд ва илова намуданд: фарзанди содиқи Ватан бош!

 Зуд аз кабинет берун ва аз пайи супориш шудам. Баъд аз андаке ба худ омадан китобро ба даст гирифтам. «Тоҷикон» буд.

Суҳбати Ғафуров бо Ҷаббор Расулов тахминан ним соат давом кард. Ҷаббор Расулов он касро то даҳлез, Лилия Ивановна то берун  гусел карданд.

Ҷаббор Расулов замони котиби аввал будани Бобоҷон Ғафуров  даҳ сол (1946-1955) раиси Совети Вазирон ва баъдтар бисту як сол (1961-1982) котиби якуми КМ буданд. Вале ҳамеша як садде миёни онҳо вуҷуд дошт. Ҳатто дар дами марг ҳам вуҷуд доштани ин садро атрофиён дарк мекарданд.

 Тобистони соли 1977 Бобоҷон Ғафуров азми сафари Душанбе мекунанд. Қабл аз сафар кормандони Институти шарқшиносии АИ СССР хайрухуш мекунанд. «-Ман зуд бармегардам, корҳои зиёде дар пеш  моро интизоранд» мегӯяд ӯ. Шояд манзури ӯ китоби «Шарқ ва Ғарб» буд, ки баъд нашри «Тоҷикон» сари он андеша меронданд.  Бо таҳаммул, хирадмандӣ ва фурӯ бурдани эҳсос, ки хоси Бобоҷон Ғафуров буд, ҳамкорон ғубори ғусса дар чеҳраи ӯ мебинанд. Ӯ нигоҳ ба замин меафканад, то ҳамкорон ҳалқаи ашки чашмонашро набинанд. «Ин охирин дидор буд, мегӯяд яке аз шогирдони содиқи Бобоҷон Ғафуров . Ким, ки масъулияти роҳбарии институт ба дӯшаш афтода буд. Баъдтар бо дастури Андропов ва дигар роҳбарони КМ ПК  Иттиҳоди Шӯравӣ, мехостанд Бобоҷон Ғафуров ба Маскав баргарданд ва дар он ҷо табобат гиранд, ба он кас дар тамос шудам. Дар посух он кас ҳамеша моро умедвор месохтанд, ки бармегарданд». Бобоҷон Ғафуровро хоки Ватан кашид. «Солҳои зиёд ба сифати ёрдамчӣ ман дар паҳлуи Бобоҷон Ғафуров будам, мегӯяд Камелӣ Саид Хайтбуллаевич. Баъд аз сафари Арабистони ман дарк кардам, ки он кас аз марги худ бохабаранд».

Дар Душанбе ҳар рӯз дӯстон, наздикон ба аёдат меомаданд. «Камқувват шуда буданд, дилашон хиҷил буд, ки корҳояшон нотамоманд. Мо дилдорӣ мекардем, ки кор намепарад, сиҳат шавед боз давом медиҳед. Оҳиста сар меҷунбонданду чизе намегуфтанд. Боре, лаҳзаҳои охири умрашон Ҷаббор Расулов омад. Бобоҷон ҷонибаш барои вохӯрӣ даст дароз карданд, ӯ ҳам даст дароз намуд. «-Ҳамин аст зиндагӣ, гуфтанд»- Бобоҷон Ғафурович ва дигар ҳарфе назаданд». Расулов чанд лаҳза болои сарашон рост истод. Ин охирин суҳбати онҳо буд».

Шариф ҲАМДАМПУР

(Идома дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *