Замони дар тағора оббозӣ кардан гузашт!
Имсол ҳавои гарм дар Тоҷикистон ба қавле “рекордӣ” шуд. Чунин вазъият хурду калонро маҷбур мекунад, ки хоҳ дар кӯл ва хоҳ дар дарёву ҷӯйбор ғӯтта зананд.
Ҳар сол ҳангоми мавсим сарусадоҳо атрофи маконҳои оббозии умумии шаҳрвандон паҳн мешаванд. Аммо, имсол ҳаёҳӯй бештар аз пеш аст. Дар бораи гаронии нархи хизматрасонии ҳавзҳои оббозӣ зиёд навиштанду навишта истодаанд, вале ҳеҷ не ки мушкилӣ роҳи ҳал ёбад. Барои чӣ? Зеро, ба омили асосӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода намешавад. Кадом аст ин омил? Кам будани шумораи ҳавзҳои шиноварӣ.
Фикр мекунам, ки 10 ҳавзи шиноварии пулакӣ ва 3 ҳавзи ройгони шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ наметавонанд талаботи мардумро қонеъ созанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тавре зикр кардем, ҳавзҳои пулакӣ нархи дандоншикан доранд. Ҳавзҳои ангуштшумори ройгон бошанд, шароити муносиб барои тафреҳ надоранд. Сабаби асосии гаронии нархи хизматрасонии ҳавзҳои оббозӣ мавҷуд набудани рақобат аст. Вақте ҳавзҳо рақиб надоранд, ба таври сунъӣ паст кардани нархашон мушкил аст. Ба ҳамин хотир, бояд барои афзудани ҳавзҳои шиноварӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар минтақаҳои кишвар низ талош кард.
Албатта, барои роҳандозии бунёди ҳавзҳои муосири оббозӣ заминаи бо таҳлилҳо омӯхташуда лозим аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар дар ин самт метавонад пештоз бошад. Зеро, кормандони ин ниҳод аз вазъу муҳит ва мавзеҳои судманду хатарнок бештар огоҳӣ доранду метавонанд ба мақомоти масъул пешниҳодоти саривақтӣ ироа кунанд. Фақат, фикр мекунам, ки ваколатҳои ин ниҳодро бояд бештар намоянд, то тавонад дар мавзеҳои қобили қабул ва мамнуи шиноварӣ назорат барад.
Ростӣ, фаъолиятҳои назарраси ин Кумитаро, ки имрӯзҳо пеш мебарад, нодида гирифтан беинсофӣ аст. Баъди раиси он таъин гардидани генерал Рустам Назарзода корҳо дар самти фаҳмондадиҳӣ ва тавсияҳо пурзӯр шуданд. Ҳамзамон, лоиқи таҳсин аст, ки бахши иттилоотии Кумита дар пахшсозии хабарҳо оид ба ғарқшавии шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳо хеле фаъол гардид.
Аммо, “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Барои он, ки омори фавтидагон дар пайи ғарқшавӣ коҳиш ёбад, пеш аз ҳама дар минтақаҳои сераҳолӣ, инчунин дар наздикиҳои дарёҳои пуртуғён ҳадди ақал ҳавзҳои пулакӣ, аммо арзонтар бунёд кардан лозим аст.
Дар сурати ғайр, гуфтан лозим аст, ки кӯдакони ҳозира тифлони чанд сол пеш нестанд, иштиёқашон дигар аст, ҳавзҳои замонавӣ мехоҳанд ва агар чунин ҳавзҳои бехатар муҳайё набошанд, ҳатто ҷониби дарёҳои тезҷараёну гирдобҳо низ медаванд. Ба ин маънӣ, ки замони оббозӣ дар тағора аллакай гузаштааст! Ҳавзҳои резинӣ ҳам, ки хушсифаташон гароннарх, арзонашон бесифатанд, ба таъби кӯдакон намефоранд!
Умедворем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор баҳри бунёди бештари ҳавзҳои иловагии оббозӣ омода аст.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ