Эълони бузургтарин қарздорон дар Тоҷикистон. Кӣ аз кӣ қарздор аст?

Кумитаи андози Тоҷикистон як қисм қарздоронро эълон кард, ки боз ҳам бузургтарин нерӯгоҳҳои кишвар дар рӯйхат ҷой доранд.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар ҷараёни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1002,9 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ба гуфти ӯ, ин нишондод дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 196,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бино ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин давра андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷавӣ иҷро нашудааст.

Гуфта мешавад, ки маблағи зиёди қарзӣ ба НБО «Сангтӯда-1» — 245,6 миллион сомонӣ, НБО «Роғун» — 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК «Тоҷиктелеком» — 123,3 миллион сомонӣ рост меояд.

Қаблан НБО «Сангтӯда-1» дар шарҳи қарздорияш «Барқи тоҷик»-ро сабабгор дониста буд. Ба гуфти ин ширкат, қарзи «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ кариб ба 200 миллион доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *