Зане ҳангоми хоксупорӣ “зинда шудааст” (видео)
— Як зани солхӯрда дар Эквадор вақте зинда шуд, ки хешовандон ӯро ба маросими дафнаш омода карданд,- хабар медиҳад рӯзномаи El Universo.
«Рӯзи ҷумъа як духтури бемористони Мартин (шаҳри Бабаойо) ҷасади Белларо, ки даргузашта буд, ба наздиконаш супурд»,- хабар медиҳанд расонаҳо.
Гуфта мешавад, ки Белла чанд соат дар тобут буд. Вақте сарпӯши тобутро барои омода кардани ҷасад барои дафн боз карданд, писар ва наздикони ин зан пай бурданд, ки вай зинда асту нафас мекашад.
Табибон то ҳол дар бораи сабабҳои ин ҳодиса шарҳе надодаанд.
Эҳтимол Белла ба каталепсия, яъне як ҳолати беҳаракатӣ, ки метавонад якчанд рӯз давом кунад, афтода бошад.
Ҳоло ин зан дар беморхона бистарӣ аст. Хешовандон мехоҳанд алайҳи бемористон ба суд шикоят баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ