Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Алами бепулӣ

Марде ба қабристон рафта, аз тахтасанги як қабр мехонад, ки солҳои умри шахси фавтида 1940 то 2010 будааст, лекин дар санг навишта шудааст, ки ин нафар 20 сол зиндагӣ кардааст. Ҳайрон мешавад ва аз посбони қабристон мепурсад:

— Чаро ин мард 20 сол умр дидааст? Бояд 70 сол умр дида бошад. Дар қабри дигаре низ 24 сол навиштагӣ, лекин дар асл 75 сол зиндагӣ кардааст. Инро чӣ хел фаҳмем?

Посбон мегӯяд:

— Дар ин ҷо танҳо солҳои пулдориашонро ҳисоб кардаанд.

Мард мегӯяд:

— Ин тавр бошад, баъди мурданам дар санги қабри ман нависед, ки «Таваллуд нашуда, мурд»!

Тоқат

Ду мард дар дохили мошин дар ҳавои гарми тобистон бо тирезаҳои маҳкам мераванд. Ҳавои мошин чунон гарм аст, ки тоқат кардан ғайриимкон аст. Мусофир ба ронанда мегӯяд:

— Дӯстам, тирезаро кушо, охир нафасам гирифт…

Ронанда дар ҷавоб мегӯяд:

— Тоқат кун, ҷӯра, бигзор ҳама фикр кунанд, ки мо ҳам кондитсионер дорем!

Сержант

Сарбоз ба майор мегӯяд:

— Рафиқ майор, ман ба рутбаи сержант ниёз надорам.

Майор ҳайрон шуда, мегӯяд:

— Ҳар як сарбоз бояд орзуи сержант шуданро дошта бошад, чаро шумо чунин мегӯед?

Сарбоз мегӯяд:

— Вақте ман арақ менӯшам, худамро генерал ҳис мекунам, рафиқ майор!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *