Зани акаву додар шудам!

Хонандаи “Оила” ҳастам! Ягон шумораи ин газета аз назарам дур намемонад. Имрӯз маҷбур шудам, ки қалам ба даст гирифта, саргузашти талхамро ба шумо, хонандагони азиз нақл кунам.

Шавҳарам муддати 6 сол аст, ки дар муҳоҷират қарор дорад. Вай аз оғози зиндагиамон мани наварӯси семоҳаро партофта ба муҳоҷират рафта буд. Намедонам занҳои муҳоҷирони дигар чӣ ҳол доранд, вале шавҳари ман ягон бор занг зада, ҳолу аҳволамро намепурсад. Аламам дар дарун ба падару модарам дар ин бора лаб намекушодам, зеро намехостам хотири пиру кампирро озурда созам. Ба модарам дурӯғ мегуфтам, ки хушбахтаму шавҳарам маро дӯст медорад, вале дарун ба дарун аз бемеҳрии ҳамсарам сӯхта хокистар мешудам. Дар ин миён додаршӯям ба Русия рафту шаш моҳ пас ба хона баргашт. Аз забони бародараш шунидам, ки шавҳарам дар Русия зану фарзанд доштааст ва умуман фикри ба Ватан баргаштан дар сараш нест. Додаршӯям дар назди ман акаашро он қадар сиёҳ кард, ки ногуфтанӣ. Вай маро дилбардорӣ карда мегуфт, ки ғамгин нашавам, ба ҳар як тори мӯям сад марди дигар овезон аст. Тез-тез ба ман пул дода мегуфт, ки барои худам либос харам, бароям хӯрокҳои бомаза ва қанду қандалот меовард, шабҳо то соатҳои 12-и шаб ҳамроҳам чақ-чақ карда, баъд ба хонаи хобаш мерафт. Хусуру хушдоманам ба муносибати гарми янгаву ҳевар бо ҳавас менигаристанд ва ба писарашонро аҳсан мехонданд.

Ҳамин тавр аз байн шаш сол гузашт. Чор моҳ пеш як шаб додаршӯям рост ба чашмони ман нигариста гуфт: “Янга, акаи ҳароми ман туро дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавониат партофта рафт. Садқаи чунин зан шавад номард, агар зани ман мебудӣ, аз сарат зар мерехтам…”

Ба маънии гапаш сарфаҳм нарафта “ҳамааш мегузарад” гуфта, даст афшондам, вале додаршӯям якбора мисли гурги гурусна ба ман дарафтода, маро ба болои кӯрпача афтонд ва бехудона сару рӯямро бӯсидан гирифт. Ҳарчанд муқобилият кардам, зӯрам ба ӯ нарасид. Вақте ки кор аз кор гузашт, гирён гуфтам, ки мабодо падару модарат фаҳманд, чӣ кор мекунем. Додаршӯям маро оғӯш карда “ҷонакам натарс, онҳо маро оқ кунанд ҳам, туро намепартоям” гуфт. Қасд кардагӣ барин, рӯзи дигар шавҳари шаш сол боз беному нишонам якбора даромада омад ва барои маро партофта рафтанаш бахшиш пурсид, вале пас аз он кори нангине, ки бародараш кард, ман дигар чӣ хел бо ӯ зиндагӣ мекунам?

Мехоҳам, ки аз шавҳарам талоқамро талаб карда, баромада равам, чунки виҷдонам маро сахт азоб дода истодааст, вале метарсам, ки шавҳарам баъди шунидани ин гап бародарашро зинда намонда, сарашро аз танаш ҷудо мекунад.

Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ин сири нангинро ба шавҳарам бигӯям ё не?

С., -и шайтонзада.  

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

14 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *