Суғд: Куштори бераҳмонаи Ибодат ва Мақсудҷон

Шоми 17 октябр Зану шавҳари 60 сола Неъматуллоева Ибодат ва Мақсудҷон Муҳаммадҷонов, ки истиқоматкунандагони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. аз ҷониби ашхоси номаълум дар манзили зисташон бераҳмона ба қатл расиданд. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд буда, солиёни зиёд дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ба матоъфурӯшӣ машғул буданд. Амирҷон, писари мақтулон ба хабарнигори tajikistantimes.tj гуфт :
“Волидайнам дар як ҳавли бо ман ва оилаам зиндагӣ мекунанд он шаб онҳо ҳамроҳи ман ба хонаи бародарам ба меҳмонӣ рафтанд ва тахминан соатҳо 9 баргаштем ва онҳо ҳамроҳ ба хонаи хобашон даромаданд. Субҳи рӯзи 18 соат аз 5 гузашт аммо волидайнам ҳеҷ аз хонаи хоб намебаромаданд ва ин кор ба дилам шубҳа андохт, зеро онҳо ҳар субҳ вақти намоз бедор шуда, аз паси тоату ибодат мешуданд. Ман ба хонаи хоби волидайнам наздик шуда, дарро кушодам ва хонаро гарқи хун, падару модарамро бо дасту даҳони баста дар рӯйи фарш хобида ёфтам”
Бино ба маълумоти як манбаъи мӯътамад, он шаби куштор аз хонаи мақтулон 75 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шудааст. Тафсилоти ин фоҷеаи хунинро хабарнигори мо дар вилояти Суғд Фарзона Муродӣ дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр хоҳад кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *