Занони аз 40-сола боло ба таври рекордӣ кӯдак таваллуд кардаанд
Дар Русия дар соли 2021 занони аз 40-сола боло 56,86 ҳазор кӯдак таваллуд кардаанд, ки ҳадди аксар аз соли 1990 барои ин категорияи синну сол аст. Дар ин бора дар маълумоти ниҳоии солонаи Кумитаи омори Русия оид ба демография гуфта мешавад.
Аммо маълум гардидааст, ки дар соли 2021 ҳамагӣ 4 дарсади кӯдакони таваллудшуда аз чунин модаронанд. Агар нишондиҳандаҳои мутлақи таваллуд ба назар гирифта шаванд, аз ҳама фаъолтар гуруҳи заноне ҳастанд, ки дар соли 2021-ум 31-сола будаанд. Онҳо 88,4 ҳазор кудак таваллуд кардаанд.
Гуфта мешавад, ки аз соли 2007 инҷониб шумораи таваллуд кардани занони синнашон аз 40-сола боло ҳамасола ба ҳисоби миёна 8% (2,5 ҳазор кӯдак) афзоиш ёфтааст. Дар маҷмуъ, ба гуфтаи ин ниҳод, дар соли гузашта теъдоди тифлон дар муқоиса бо соли 2007-ум 3,6 баробар афзоиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ