Бозиҳои санҷишии футзалбозони Тоҷикистону Ўзбекистон

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футзали Ўзбекистон се бозии санҷишии дўстона анҷом медиҳад.

Рўзҳои 14, 15 ва 17-уми июл дар Ҷиззах бозиҳои дўстона миёни футзалбозони Ўзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби футзали Баҳрайн (27-уми сентябр), Ўзбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *