Дар Панҷакент “Мадади Қаҳҳориён” ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Панҷакент Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар маросими баистифодадиҳии иншооти тиббӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи тандурустӣ ёдовар шудааст.

Гуфта мешавад, ки Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» дар деҳаи Сӯҷинаи деҳоти Сӯҷина ҷойгир буда, барои табобати бемориҳои неврологӣ пешбинӣ шудааст ва дорои 15 кат мебошад.

— Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум шуъбаи қабули беморон ва ташхисгоҳ (лаборатория) ҷой гирифта, дар ошёнаи дуюм барои ҷойи хоби беморон шароит муҳайё карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *