Занозанӣ дар бозори “Фаровон”

  Дар занозании байни ду гурӯҳи ҷавонон аз шаҳрҳои Сарбанд ва Қӯрғонтеппа, ки рӯзи 22 октябр дар даромадгоҳи бозори «Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, 4 нафар корд хӯрдаанд.

Ба зидди ҳамаи 6 иштироккунандаи ин занозанӣ, ки ҳамагӣ аз 17 то 25 сол доранд, бо иттиҳмои авбошӣ парванда кушодаанд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти занозании хунин дар бозори «Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлонро нашр кард.Бино ба гузорише, ки дар барномаи «Сипар” дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, нимаи дуюми рӯзи 22 октябр, соати тахминан 15:30 дар даромадгоҳи ин бозор ду гурӯҳи ҷавонон аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд дар заминаи муноқишаҳое, ки пайваста байни онҳо вуҷуд доштааст, аз гиребони якдигар гирифтаанд. Ҳарду тараф дар ҷараёни занозанӣ ба якдигар бо корд ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 4 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.Вазорати дохила мегӯяд, дар занозанӣ дар бозори «Фаровон” Далери Раҳматулло, соли тавалуддаш 1992, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки қаблан бар асоси моддаи 237 барои авбошӣ суд шудааст, Ҳумайнӣ Темуров, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки низ қаблан бо моддаи 237 ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, Некрӯз Мастов, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Сарбанд, Абӯбакр Назаров, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Сарбанд ҷароҳат бардоштаанд.Алихон Саломов, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Сарбанд, ки пеш бо моддаи 237 барои авбошӣ суд шудааст, ҳоло дар боздошт қарор дорад.Алихон Саломов дар шарҳи сабабҳои занозании 22 октябр гуфт: «Рӯзи 22 октябр ба бозор пӯшокхарӣ омадем. Дар онҷо дар даруни дӯкони рақами 7 Ҳумайниро дида, ӯро ба берун даъват карда, бо ӯ ҷанҷол шудем. Ҳумайнӣ Некрӯ ва Абӯро корд зад ва пасон ман ҳам, ки аз хона бо худ корд бурда будам, аз ҷайбам бароварда, Ҳумайнӣ ва Далерро як маротибагӣ корд задам.”Алихон Саломов дар посух ба ин суол, ки сабаби муноқишаашон чӣ буд, кӯтоҳ посух дод, ки «хусумат доштем.” Ӯ афзуд, «аз ҳамин коре ки кардам, сидқан пушаймон шудаам.”Вазорати дохила мегӯяд, дар ин муноқиша як ноболиғ – Сафар Сафаров, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Сарбанд низ айбдор дониста мешавад.Ба зидди ҳамаи 6 иштироккунандаи занозанӣ дар бозори Қӯрғонтеппа – Алихон Саломов, Далери Раҳматулло, Ҳумайнӣ Темуров, Некрӯз Мастов, Абӯбакр Назаров ва Сафар Сафаров бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба онҳо барои авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба сурати гурӯҳӣ ва бо истифода аз силоҳи сард аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *