«Умед-88». Боздоштҳо идома доранд…

           

Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби ширкати «Умед 88” ҳамроҳ бо се роҳбари нуқтаҳоисӯзишвории ин ширкат, боздошт шудаанд. 

Баъди боздошти роҳбаронаш, ширкати»Умед 88” дар ростои муфлисшавӣ қарор гирифтааст ва кормандонаш низ мегӯянд, моҳҳо аст, ки ҳақмузд дарёфт намекунанд. Аммо наздикони Раҷабалӣ Одинаев мегӯянд, зиндонӣ кардани ӯ ва зердастонаш роҳи ҳалл нест ва ба онҳо бояд фурсат дода шавад, тоқарзашонро баргардонанд.

Ба гуфти расонаҳои хабарӣ,   боздошти Набиҷон Мирзоев, сармуҳосиби «Умед 88” рӯзи 25 октябр сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, ҳамроҳ бо сармуҳосиби ширкати «Умед 88” боз 3 масъули нуқтаҳои сӯзишворӣ низ дар боздошт мебошанд.

«Гуруҳи тафтишотӣ ба хулосае омад, ки то анҷоми тафтишот сармуҳосиб Набиҷон Мирзоев дар боздошт бимонад. Аммо роҳбарони нуқтаҳои сӯзишвории ширкати «Умед 88” ба он хотир боздошт шуданд, ки номашон дар қарзҳои гирифтаи ин ширкат аз бонкҳо ҳамчун кафолатдиҳанда гузаштааст. Аз ҷумла номи роҳбарони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар қарзҳое, ки ширкати «Умед 88” аз «Амонатбонк” ва «Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст, ҳамчун кафолатдиҳанда (поручитель) навишта шудааст. Ин қарзҳо дар вақташ баргардонида нашуданд ва ба ин хотир роҳбарони нуқтаҳои сӯзишворӣ низ ба ҳабс гирифта шуданд,” — гуфт манбаъ.

Ин манбаъ афзуд, тафтиши ширкати «Умед 88” идома дорад ва эҳтимолан теъдоди афроди боздошшудаҳо афзоиш ёбад. То имрӯз мақомот боздошти ду нафар аз роҳбарони «Умед 88” — Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимовро тасдиқ карданд. Аммо манобеи дигар теъдоди афроди боздошшудаи ин ширкатро беш аз 6 нафар арзёбӣ мекунанд.

 

Роҳбарони ширкати нафтрасони «Умед 88” баъд аз интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт ин ширкат даҳҳо миллион сомонии пули будҷаро бозпас надодааст, дастгир шуданд. Оҷонсии зидди фасод шоми 23-юми октябр бо нашри якиттилоия гуфт, Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Иброҳимов ва чанд масъули дигари ширкати «Умед 88” ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.

Бо боздошти роҳбаронаш, ширкати нафтрасони «Умед 88” дар ростои будан ё муфлис шудан қароргирифтааст. Ҳарчанд масъулини ин ширкат мегӯянд, ки роҳҳои бозгардонидани пули будҷаробаррасӣ доранд, аммо бовар надоранд, ки ин ширкат дубора метавонад ба пои худ рост биистад.

Кормандони ширкати «Умед 88” мегӯянд, бебандуборӣ дар кори ширкат аз моҳи сентябр шуруъ шудва онҳо се моҳи ахир маош дарёфт накардаанд. Саид Холов, як корманди ин ширкат гуфт, се моҳмешавад маош нагирифтаанд ва роҳбарони ширкат имрӯзу пагоҳ гуфта, аз пардохти ҳақмузди онҳохуддорӣ мекунанд.

«Ман ҳар моҳ 780 сомонӣ маош мегирам, як рӯз кор ду рӯз истироҳат аст. Аммо се моҳ мешавад, кимаошамонро намедиҳанд, чанд бор муроҷиат кардем, мегӯянд, пул шавад, медиҳем. Намедонемдигар чӣ кор кунем, маҷбурем корро қатъ карда равем. Баъди зиндонӣ шудани акаи Раҷабалӣ, дигарягон умед надорем, ки маошамонро медиҳанд,”-гуфт ин корманди ширкати «Умед 88”.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, баъди кандани бренди «Умед 88” аз таболоҳо муштариёнашон ба таврибесобиқа коҳиш ёфтанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин корманди ширкат, «маҳсулот низ кам меояд, як рӯзбензин шавад пагоҳаш боз намеояд. Муштарӣ нест, ҳама парешон.”

Наздикони Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари боздошшудаи ширкати «Умед 88” ба бегуноҳии ӯ исрордоранд ва мегӯянд, ба ӯ фурсат диҳанд маблағи буҷетро бармегардонад. Бадахшон Зардакова, яке азназдикони Раҷабалӣ Одинаев мегӯяд, масъалаи маблағ гирифтани Одинаевро ба президент нодуруст фаҳмондаанд.

Хонум Зардакова рӯзи 26 октябр дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст,ки «ман мактуб навиштам ба ҶанобиОлӣ ва мехоҳам қазияи Раҷабалӣ аз нав дида шавад. Агар муҳлат диҳанд, мумкин аст ӯ аз ӯҳдаи ҳаллиҳамаи проблемаҳо мебарояд. Раҷабалӣ одами саховатманд ва мефаҳмидагӣ аст. Мо мисли Раҷабалӣсоҳибкорони муваффақ кам дорем дар Тоҷикистон ва ҳар як нафари инҳоро бурда маҳкам кунанд, ҷумҳурӣ чӣ мешавад?”

Бадахшон Зардакова мегӯяд, Раҷабалӣ ба наздики нақша дошт, ки роҳҳои зодгоҳаш ноҳияиҲамадониро пурра таъмир кунад. Саодат Одиназода, ки худро хоҳари Раҷабалӣ Одинаев муаррифӣ кард, бо ирсоли як мактуб ба расонаҳо гуфтааст, ширкати «Умед 88” як қисми маблағҳои қарзии Вазорати молияро баргардондааст.

Хонум Одиназода дар мактуби худ гуфтааст,»тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем, ширкати номбурда бо вуҷуди «ахбори носаҳеҳ» то ин рӯз барои адо намудани қарзи Вазорати молия, ки 171 милион сомониро ташкил медиҳад, фоизҳо ва ҷаримаҳои маблағи қарзиро дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ пардохт намудааст.”

Саодат Одиназода ҳамчунин навиштааст, зиндонӣ кардани роҳбарони «Умед 88” ба бекор мондани даҳҳо нафар, болоравии нархи сӯзишворӣ ва ноумед гаштани чандин соҳибкори дигароварда мерасонад.

Ширкати «Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкатмаҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати «Умед-88” дар саросари Тоҷикистонфаъол аст. «Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Инширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварросармоягузорӣ мекард.

Бо фарқ аз гуфтаҳои ақрабои роҳбари “Умед-88” пас аз паҳн шудани овозаи ҳабси роҳбарони он дар нуқтаҳои сӯзишворифурӯшӣ нархи гази моеъ то 20 дирам барои 1 литр коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *