Дар Ӯзбекистон барои Президенти Тоҷикистон мошин сохтанд

Бино ба хабарҳо, дар корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи Узбекистон махсус барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мошини тамғаи «Chevrolet Cobalt”сохтаанд. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар саҳифаи радиои «Озодлик” дар Фейсбук,  аксҳои дохили мошине нашр шудааст, ки гуфта мешавад, ин мошинро дар корхонаи мошинсозии шаҳри Асака дар вилояти Андиҷони Узбекистон махсус барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтаанд.

Дар дохили салони ин мошини тамғаи «Chevrolet Cobalt” навиштаи вижае ҳам задаанд, ки дар он чунин навишта шудааст: «Махсус барои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Асака -Узбекистон.”

Корхонаи мошинсозии Асака ба ширкати «GM Uzbekistan” – бахши узбекистонии ширкати машҳури амрикоии «General Motors” тааллуқ дорад. Ин ширкат дар пасманзари беҳтар шудани равобити Тошканду Душанбе рӯи Тоҷикистон ҳамчун як бозори ояндадори фурӯши мошинҳояш ҳисоб мекунад.

Бисёриҳо махсус ба номи президенти Тоҷикистон сохтани чунин як мошин дар корхонаи мошинсозии Узбекистонро низ боз як аломати дигари шикасти пиряхҳои бозмонда дар равобити ду кишвари ҳамсоя мешуморанд. Дар даврони Ислом Каримов чунин коре  тасаввурнопазир буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *