Бародари Меҳрнигори Рустам дар «SILK WAY STAR” ҷойи дуюмро гирифт

Сафармуҳаммад Қодирӣнабераи мутриби маъруф Рустами Абдураҳим ва бародари овозхони шинохта Меҳрнигори Рустамдар давраи навбатии озмуни «SILK WAY STAR” дар Қазоқистон дар байни 9 кишвар бо таронаи қазоқии «Аке арману” ҷои дуюмро гирифт. Сафармуҳаммад донишҷӯи соли чоруми риштаи дипломатияи Донишгоҳи Пекин аст.

Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии «SILK WAY STAR” («Ситораи Роҳи Абрешим”) дар Қазоқистон Сафармуҳаммад Қодирӣ — набераи мутриби маъруф Рустами Абдураҳим ва бародари хурдии овозхони шинохта Меҳрнигори Рустам намояндагӣ мекунад. Ин озмун иборат аз 12 давра тӯли се моҳ дар шаҳри Алма-Ато мегузарад.

Дар ин озмун овозхонҳо аз 9 кишвари тӯли Роҳи Абрешим – Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Тотористон, Бошқирдистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия иштирок доранд ва дар ҳар давраи озмун бо забонҳои гуногун тарона иҷро мекунанд.

Дар даври шашуми озмун Сафармуҳаммад Қодирӣ бо таронаи «Аке арману”-и овозхони маъруфи қазоқ Нуржан Кермембаев ҷои дуюмро гирифт. Ӯ танҳо аз намояндаи Тотористон Малика Раззоқова қафо монд, вале овозхонҳои дигар, ҳатто намояндаи Қазоқистонро гузашт.

Шарти ширкат дар озмуни «SILK WAY STAR” ин аст, ки довталабон бояд тавони иҷрои тарона бо забонҳои гуногунро дошта бошанд. Сафармуҳаммад дар даври аввали озмун фарзияи тоҷикии як таронаи машҳури қазоқиро иҷро кард, дар давраҳои баъдӣ ба англисиву қирғизӣ ва қазоқӣ тарона хонд. Дар давраи оянда ӯ бояд як таронаи ватандӯстӣ ба забони тоҷикӣ иҷро кунад.

Сафармуҳаммад Қодирӣ рӯзи 26 октябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо сомонаи «Ахбор” гуфт: «Барои ин даври озмун таронаи «Сарсупурдаи Ватан”-и Тобишро интихоб кардаам ва умедворам, ки ин тарона ҳам аз ҷониби ҳайъати ҳакамон ва тамошобинон хуб қабул хоҳад шуд.”

8 кишвар ба озмуни «SILK WAY STAR” ситораҳои маъруфи худро фиристодаанд. Дар байни онҳо аз ҳама ҷавон ва аз лиҳози собиқаи ҳунарӣ камтаҷриба Сафармуҳаммад Қодирист.

Сафармуҳаммади 21-сола донишҷӯи соли чоруми риштаи дипломатия ва сиёсати Донишгоҳи Пекин мебошад ва ҳунарманди касбӣ нест.Ба ин далел, бисёриҳо шубҳа доштанд, ки Сафармуҳаммад битавонад дар Қазоқистон муваффақ шавад. Вале ду моҳи гузашта аз оғози ин озмун нишон дод, ки Сафармуҳаммад тавонист дар байни ситораҳои матраҳ камоли ҳунари худро нишон дод. Бар асоси овоздиҳиҳои анҷомшуда, ӯ дар ҳоли ҳозир дар байни сегонаи довталабони аз ҳама пуртарафдори озмуни «SILK WAY STAR” ҷой гирифтааст.

Як навбат ҳатто овозхони шинохтаи тоҷики муқими Алма-Ато Парвиз Назаров барои намоиши ҳимоят аз Сафармуҳаммад ба консерти «SILK WAY STAR” омад.

Сафармуҳаммад Қодирӣ, ҳарчанд аз хонаводаи мутриби шодравон Рустами Абдураҳим ва бародари хурдии овозхони ҷавону шинохта Меҳринигори Рустам аст, вале ҳамагӣ як сол мактаби мусиқӣ хонда, дигар ҳунари худро мустақилона такмил кардааст.

Сафармуҳаммад баъди хатми мактаби рақами яки шаҳри Душанбе ба риштаи дипломатия ва сиёсати Донишгоҳи Пекин дохил шуд ва ҳоло дар соли чорум таҳсил мекунад.

Сафармуҳаммад Қодирӣ дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт: «Вақте ба ректори донишгоҳ занг задам, ки ба озмун роҳхат гирифтаам ва се моҳ дар Алма-Ато бояд бимонам, ӯ хурсанд шуд. Маро аз дарс ҷавоб дод ва фақат гуфт, номи Тоҷикистон ва донишгоҳро баланд бардор!”

Аз Сафармуҳаммад пурсидам, ки ҳоло бо чунин комёбӣ дар Алма-Ато оё дар оянда пушти кадом касб хоҳад рафт – дипломатия ё овозхонӣ? Ӯ мегӯяд: «Ин ду пеша ба якдигар халал намерасонанд. Мусиқӣ барои дилам аст, як ғизои маънавист. Вале мусиқӣ як қисми зиндагии ман шудааст ва кӯшиш мекунам, ки ҳарду касбамро аз даст надиҳам.”

Адибаи Рустам, модари Сафармуҳаммад мегӯяд, ки писараш бо исрори вай ба донишгоҳи Пекин дохил шуд, вагарна алоқааш мисли Меҳринигор ба мусиқиву ҳунар буд: «Ман, ростӣ, зид будам, ки ҳунарманд шавад. Гуфтамаш, ки бояд дипломат шавӣ. Вақте ба озмуни «SILK WAY STAR” роҳхат гирифт, Сафармуҳаммад гуфт, модарҷон, бин, ки Худоҷон худаш маро ба ин роҳ бурд.”

Сафармуҳаммад мегӯяд, ҳарчанд модараш ба интихоби ягон касби дигар исрор мекард, вале мегуфт, ки вақту фурсати ту ҳам як рӯз мерасад: «Вақте дар давраҳои аввали «SILK WAY STAR” комёб шудам, модарам гуфт, ки ана, фурсати ту ҳам фаро расид. Ҳам модарам ва ҳам хоҳарам Меҳринигор маро дар ин ҷода хеле пуштибонӣ мекунанд, вақте ноумед мешавам гоҳе, рӯҳбаландам мекунанд. Аз ҷумла Меҳринигор, ки ҳамеша мегӯяд, ту беҳтаринӣ, аз дастат меояд, талош кун ва шансатро ба касе надеҳ.”

Сафармуҳаммад Қодирӣ мегӯяд, ҳадафаш аз ширкат дар ин озмун гирифтани ҷои аввал нест, балки ин сабқатро як майдони дигар барои омӯхтан ва такмили ҳунари худ мешуморад. Ва мегӯяд, албатта, ҳадафи аслӣ муаррифӣ кардани Тоҷикистон ва ҳунар ва фарҳанги тоҷикист: «Дар ду моҳе ки аз оғози ин озмун мегузарад, аз кишварҳои дигар – аз Қирғизистону Қазоқистон то Озарбойҷону Туркия мухлису тарафдори зиёде пайдо кардам, ки бароям номаҳои гарм менависанд. Ман ин ҷо талош мекунам, ки ҳамчун як намояндаи Тоҷикистон ҳамаро қоил кунам. Метавонам бо ифтихор бигӯям, ки алакай бисёриҳоро қоил кардам ва боз ҳам қоил хоҳам кард.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *