Занро собиқ шавҳар кушт, мардро додари зан

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қатли зану шавҳари собиқ хабар дод. Ба иттилои манбаъ ҳодиса санаи 6-уми апрел дар ноҳияи Балҷувон рух додааст.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ба хонаи истиқоматии ҳамсари собиқаш, ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, омада хоҳиш менамояд, ки бо якдигар аз нав зиндагонии якҷояашонро давом диҳанд, аммо ҳамсари собиқаш хоҳиши ӯро рад менамояд, ки аз ин сабаб байни якдигарашон муноқиша сар зада, гумонбаршаванда қасдан бо корде, ки дар дасташ буд, ба бадани ҳамсари собиқаш якчанд маротиба задааст”.

Ин ҳодисаро бародари зан, ноболиғи 17-сола дида, бо ҳамон корд собиқ язнаашро чанд маротиба мезанад. Зан дар роҳ ва мард дар беморхона ба ҳалокат мерасанд.

Нисбати ноболиғи 17-сола, бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин банди қонун, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол пешбинӣ шудааст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон сар задани чунин ҷиноятҳо меафзояд. Яке аз ҳиссиёти рашк ва дигаре дар ҳолати мастӣ ҳамсарони худро ба қатл мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *