Заршинос ё заншинос? Нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназар Соҳибназаров 70-сола шуд

… Зодаи ноҳияи Ғончӣ Эгамназар Соҳибназаров, ки соли равон навиштаҳои зиёди ҳаҷвиаш манзури ҳаводорони «Тоҷикистон» гардид, қаламкаши зуллисонайн аст… Вай маҷбур аст бо ду забон рӯйи қоғаз мӯрчадавон намояду дар ҳарду забон китобу китобчаҳо чоп кунад. Эгамназар Соҳибназаров соли 1999 дар озмуни «Телеминиатюраҳои беҳтарин»-и  телевизиони Тошканд ҷойи сеюмро соҳиб гашта, як бағал мукофот гирифт, ки онро бо ҳеҷ кас ба ҳам надид. Ана ҳамин шахси серкору сертараддуд дар рӯзҳои охирини моҳи октябр 5 кам 60-сола мешавад. Ва мувофиқи талаботи фармоишоти тӯю маъракаҳо Э. С. мехоҳад зодрӯзашро бо як дег угро таҷлил намояд…

                            «Тоҷикистон» №42, 18-уми октябри соли 2007

— Маро «Тоҷикистон» машҳури олам кард. Зеро даҳҳо ҳаҷвияҳоям дар  саҳифаҳои ин ҳафтаномаи писанди мардум ба чоп расид ва барои ин аз ҳайати эҷодии нашрия сипосгузорам ва дар як вақт “Тоҷикистон”-ро бо 30-солагӣ шодбош мегӯям.

Марди имрӯз 70-сола Эгамназар Соҳибназаров

ЗАНШИНОС

Маҳмадсаид ном ҳаммаҳаллаамон дар боби зангирию ба зудӣ аз вай халос шудан устухон надорад. Ҳангоматалабон ин кирдори Маҳмадсаидро ҳамчун «таҷрибаи пешқадам» ба забон мегиранд. Бар замми ин, ҳаққу ҳамсояҳо баъзан «заншинос» ном баранд, баъзан «заршинос» мегӯянд.

Вай ҳамагӣ панҷ маротиба чодари арӯсӣ дидааст. Дар ду сол. Аз зани аввалааш барои он ҷудо шудааст, ки зан кор мекарду маошро ба Маҳмадсаид намедод. Зани дуюмаш барои он рафт, ки Маҳмадсаид маошро ба занаш намедод. Зани сеюм барои он тарки оиладорӣ кард, ки маоши ҳарду ба хушдоман намерасид. Зиндагии якҷояи зани чорум ҳам дер напоид. Сабаб он буд, ки маоши ҳардуро ҳам хушдоман мегирифту ба хусураш дираме нишон намедод. Заншиноси мо зани панҷумро бо мақсади «олӣ» гирифт. Зеро фаҳмида буд, ки ин зан барои ду бачааш аз шавҳари собиқаш нафақа, алимент мегирад. Вале пас аз ду моҳи оиладорӣ дид, ки ду бачаи зани наваш ба балоғат расидаанду ҳоло дар Русия мебошанд.

Ҳамин тавр, бо тақозои тақдири шӯр заршинос не, заншиноси мо боз муҷарраду дар орзуи чодари нав шабро рӯз мекунад.

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪ…

Бо сабаби ба таҳсили семоҳа рафтанам шавҳарамро ба иҷора медиҳам. Суроға дар идораи газета…

***

Хонаи сеҳуҷрагиро бо хушдоманам ба чорҳуҷрагӣ иваз менамоям. Суроғаамро баъди пайдо шудани харидор мегӯям.

***

Аз боғи ҳайвоноти шаҳр модапаланги мадагаскарӣ гурехтааст. Аз шахсоне, ки палангро дидаанд, ё доштаанд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз боғи ҳайвонот бачаи яксолаи палангро гирифта баранд…

***

Барои чопи асарҳоям котиба даркор. Хоҳишманд аз суҳбати ҳамсарам гузаштанаш зарур.

***

Дар боғи ҳайвоноти шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холӣ баргузор мегардад. Хоҳишмандон бо шиноснома ва тавсияи директори боғи ҳайвонот ба роҳбарияти ярмарка Қӯчқорбой Гургалиев муроҷиат намоянд.

***

Олимон баъди аз бехаш буридани чанори азим аниқ карданд, ки он таърихи 600-сола дорад…

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ, ноҳияи Деваштич

АЗ ИДОРА: Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” журналист ва ҳаҷвнигори маъруф Эгамназар Соҳибназаровро ба муносибати 70-солагии мавлуд, сазовор шудан ба Нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шодбош мегӯянд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *