Исмоил Зарифӣ: Ба халқ раҳм кунед!

Мехостам, ки аз Душанбе ба Панҷакент сафар намоям. Аз ин рӯ, аз истгоҳи маркази савдои «Садбарг» ба сӯйи терминали нави «Чорбоғ» сафар кардам, аммо…

Чун ба собиқ истгоҳи таксиҳои Суғд расидем, ронанда гуфт, ки давоми  роҳро пиёда тай намоем. Аз байни лою об гузашта, ҷониби “Чорбоғ” равон шудам, вале купрӯки куҳна вайрон буду ба он сӯ фақат мурғони ҳаво гузашта метавонистанд.

Баъзе бачаҳои ҷавон аз ҷару ҷӯ гузашта, ба роҳкобӣ рафтанд, то аз болои канал гузаранд, вале мани ҳафтодсола ҳеҷ тавоне надоштам, ки аз ин варта гузашта, то истгоҳи таксиҳо расам.

Бахтам хандиду як таксии 1111-ро Худо дод. «Болои сӯхта намакоб», ба қафо баргаштам ва расо бо 33 сомонии дигар ба терминали нави «Чорбоғ» расидам. Таксиҳо бо баҳонаи дар ағба барф будан нархро якуним баробар боло бурдаанд…

Ҳамин тавр, бо як ҷаҳон таассуроти нохуш ва гурусна аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Панҷакент баргаштам.

Аз масъулин мехоҳам, ки пас аз кӯчонидани терминал мушкили халқро осон кунанд. Ба истгоҳи “Чорбоғ” нақлиёти ҷамъиятӣ кушода, дар чорроҳаи «Водонасос» нишон гузоранд, ки терминал кӯчидааст. То ман баринҳо сарсону саргардон нашаванд.

Исмоил ЗАРИФӢ, шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *