Женрол Дустум аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд
Pӯзи 30 март дар роҳи вилоятҳои Балх-Ҷузҷони Афғонистон гурӯҳи Толибон ба корвони женрол Дустум ҳамла кардааст.
Як манбаъи наздик ба женрол Абдурашид Дустум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон хабар додааст, ки рӯзи 30 март дар роҳи вилоятҳои Балх-Ҷузҷони Афғонистон гурӯҳи Толибон ба корвони женрол Дустум ҳамла кардааст.
Бар асари ин ҳамла як муҳофизи женрол Дустум кушта ва ду муҳофизи дигар захмӣ шудаанд. Дар ин ҳодиса вай осеб надидааст.
Иноятулло Фараҳманд, раиси дафтари женрол Дустум ба бахши афғонии Би-би-сӣ гуфтааст, ҳамлаи Толибон ба афроди Абдурашид Дустум аз камин сурат гирифта ва даргирӣ ҳудуди як соат давом кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин задухӯрд ба гурӯҳи Толибон низ талафот ворид шуда, аммо теъдоди онҳо маълум нест.
Ин сафари женрол Дустум ба шимоли Афғонистон пас дуву ним соли иқоматаш дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст.
Ин дуввумин сӯиқасд ба ҷони Абдурашид Дустум, муовини ӯзбектабори раиси ҷумҳури Афғонистон аст.
Моҳи июли соли гузашта ҳангоми бозгашташ аз муҳоҷирати дуюнимсола дар хориҷа дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ҳамлаи интиҳорӣ рух дода ва 14 тан аз тарафдорони женрол Дустум, ки ба истиқболаш омада буданд, кушта шуданд.
Он замон масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ