Зикриоллоҳ Ҳакимов: Фарзандонам маро ба серӣ намедиданд

Зикриоллоҳ Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози саршиноси тоҷик бо сабку услуби хоса ва суруду таронаҳои ҷаззобаш аз ҷумлаи ҳунармандони хеле шинохта ва маҳбуб ба шумор меравад, ки аз рӯзҳои нахустини пайдо шуданаш дар саҳнаи ҳунар навгонӣ ворид карда буд. Зикриоллоҳ дар тамоми оҳангҳояш мерақсад ва мухлиси худро водор месозад, ки маънии сурудро дар мағз-мағзи ҷонаш эҳсос намояд. Ӯ дар миёни ҳаводорони ҳунар бо ҳамон рақсҳои зебояш маҳбуб гаштааст. Оид ба зиндагиву фаъолияти ин сарояндаи маҳбуб фишурдаи мусоҳибаи зеринро аз барномаи “Ногуфтаҳо” пешкаши мухлисон мегардонем.

— Азбаски шумо яке аз сарояндаҳои саршиноси тоҷик ҳастед, аксарият мехоҳанд дар бораи зиндагии шахсиятон бидонанд. Ман ҳам мехоҳам донам, ки падари шумо кӣ буд, аз аҳли ҳунар буданд ва дар маҷмуъ чӣ шуғле доштанд?

— Падари ман фарзанди калонии Ҳоким-раис буданд. Онҳо осиёб, фермаи калон доштанд. Падарам дар ҳамонҷо ба модарам ошиқ мешавад ва дар ҳамонҷо мемонад, ба шаҳр хонданӣ намеояд.

— Шумо дар оила чандум фарзанд ҳастед?

— Мо дар оила 8 фарзанд, 4 писар ва 4 духтар ҳастем ва шукри Худо ҳамаамон сиҳат ва саломатем.

— Душвортарин кори ҷисмоние, ки анҷом додед, кадом кор буд?

— Дар хизмат буд. Ҳар коре, ки аскарбача мекунад, ман ҳам мекардам. Бо ариза ба хизмати ҳарбӣ рафтаам. Дар Қазоқистон хизмат кардаам. Он солҳо аксарият як сол дар Афғонистон хизмат мекарданд, агар бо забони имрӯза гӯем, “престиж” буд дар онҷо хизмат кардан.

— Дуруст аст, ки шумо бо Далер Назаров ҳамхизмат ҳастед?

— Бале, ман пештар аз онҳо рафта будам. Хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги ҷавонмардист. Ҳар коре, ки буд, анҷом додем, ба ғайр аз кори занона. Ҳарчанд лат мехӯрдам, аммо кори мардона мекардам, гарчанде корҳои занона осонтар буд.

— “Дедовщина” дар давраи шумо ҳам буд?

— Бале, инро Далерҷон ҳам медонад. Рӯзона ором мегузашт, вале шабона ҳаёти дигар сар мешуд. Боз вақти саҳар ҳамаро ба як қатор рост монда, агар чашми касе сиёҳ мешуд, мепурсиданд, агар касе мехост, мегуфт, ки задаанд, намехост, хомӯш меистод.

— Шумо ҳам ягон нафарро зада будед?

— Дар онҷо туро мезананд ва ту аз худат хурдро мезанӣ.

— Бо ҳамин дастонатон?

— Дастонам чандин бор шикастааст, ман мезадам, ба ҷои он ки дигарон лат хӯранд, худам лат мехӯрдам (механдад).

— Гуфтед, ки ҳама корро дар хизмати ҳарбӣ мекардед. Сурудхонӣ ҳам мекардед?

— Бале, дар онҷо клуб буд. Як рӯз ману Далерро майор даъват кард, ки шумо аз як сол зиёд хизмат карда истодаед, агар хоҳед, шуморо ҷавоб диҳем. Ман гуфтам “агар ман “негодний” равам, маро дар деҳа касе намегирад”.

— Яъне, шуморо дар деҳа касе интизор буд, манзурам дӯстдухтар?

— Не, набуд. Аммо он солҳо талабот ҳамин буд. Мо маъракаи калон мекардем, гов мекуштему сарояндаҳо дар васфи хизмати ҳарбӣ суруд мехонданд, баъд ба хизмат мерафтем.

— Дар гусели шумо кадом сарояндаҳо суруд хонда буданд?

— Як рӯз пеш аз хизмат ба ман даъватнома омада буд. Ҳамон вақт ман донишҷӯ будаму дар шаҳр зиндагӣ ва таҳсил мекардам. Ман танҳо фурсат пайдо кардам, ки бо падару модарам хайрухуш кунам. Вақте баргаштам, тӯю тамошо шуд, ҳамкурсонам, ки дар Донишкадаи санъат мехонданд, базмро обод карда буданд.

— Муносибати шумо бо ҳамхизматон чӣ гуна буд?

— Мо бачаҳои Осиёи Миёна хеле тифоқ будем. Дар байни мо миллатҳои дигар ҳам буданд. Он солҳо агар писари кадом вазир ё шахси баландмақом ба хизмат намерафт, аз Маскав барояш нома меомад. Хулоса, баъд аз ман чанд нафари дигар ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, ман ки аллакай гурги борондида будам, онҳоро нигоҳ мекардам. 

— Ҳамхизматҳои шумо медонанд, ки ин қадар сарояндаи машҳур ва бузург шудаед?

— Акнун бузург нестам. То ин ҳад бовар надоштам, ки сурудҳои маро дар ин сатҳ мухлисонам қабул мекунанду месароянд. Ман аз бузургони санъати тоҷик бисёр омӯхтам.

— Масалан аз кӣ омӯхтед?

— Масалан, ҳамчун таблакчӣ бо Дӯстмурод Алӣ, Ҷамшед Исмоилов, Қурбоналӣ Абдулло, Малика Саидова, Сайвалӣ Тоҳир, Сангалӣ Мирзоев, Саъдии Қаландар, ки гурӯҳ доштанд, бо онҳо ба маъракаҳо даъват мешудам ва бисёр омӯхтам.  

— Аз сарояндагони шинохта киҳо бо шумо дар Донишкадаи санъат таҳсил мекарданд?

— Қурбоналӣ Абдулло, Сангалӣ Мирзоев, аз занҳо Малика Қаландарова, Мағфират Ҳамроқулова, ба хотири диплом мехонданд. Иззат Шарифӣ, Ҷаъфар Соиров, Муҳаррама Шарипова, хулоса, зиёд буданд, ки мо ҳама дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. 

— Ҳаёти хобгоҳ ширин буд?

— Бале, хеле ширин буд. Ҳатто бачаҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, ҳавасашон меомад. Гоҳо мо дар хонаи дӯстон зиндагӣ мекардем.

— Хона надоштед?

— Хона аз куҷо буд? 17 сол пас соҳиби хона шудам.

— Кӣ буданд ҳамсояҳои шумо?

— Ними Душанбе ҳамсояҳои ман ҳастанд (механдад).

— Малакаи оҳангсозиатонро баъд дар худ кашф кардед?

— Ман аз хурдӣ кӯшиш мекардам, ки мисли ҳеҷ кас нахонам ва суруди ҳеҷ касро насароям ва ҳамин корро кардам. Омӯхтам, аз мактаби устод Акашариф, Зафар Нозим, Давлатманд Холов. Устодони ман ҳама донишмандони бузург ҳастанд. Дар Донишгоҳи миллӣ ҳам устодони бузург дарс доданд.

— Донишгоҳи миллиро бо кадом ихтисос хатм кардед?

— Ҳуқуқшинос ва баъдан дар клуби Муассисаи ислоҳотӣ кор кардам. Дар дохили маҳбасҳо суруд мехондем, дарсҳои тарбиявӣ мегузаштем.

— Пешорӯи маҳбусон суруд хондан чӣ гуна буд?

— Дар миёни маҳбусон аз доираи шинос, ҳамкурс, ҳамсинф, ҳамхизмат, ҳамсоя буданд, ки номи кадом яки онро номбар кунам? Он вақт барои як сум камомад одамро маҳбасӣ мекарданд.

— Пас, чаро аз кор рафтед?

— Фарзандони ман маро ба серӣ намедиданд, чунки ҳамеша дар сафар, пайи кор будем. Хостам бо набераҳову фарзандон бештар машғул шавам. Давоми умрам чӣ рӯзҳоеро, ки надидам.

— Қавӣ шудед, баъди ин ҳама мушкилиҳоро аз сар гузаронидан?

— Баръакс хароб шудам. Бо дастгирии дӯстон ҷаҳонбинии худро васеъ кардам, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории худро мерасонам ва ба онҳо гуфтаниам, ки қарз то қиёмат наравад, ҳамаашро бармегардонам.

— Мегӯянд, ки бо Зикриоллоҳ кор кардан хеле душвор аст, чунки гоҳо дағал аст, гапногир аст… Ин суханҳо асос доранд?

— Албатта. Он чизе, ки ман мехоҳам, кори ҳалол аст. Кори ҳаромро дар ҳамаи самтҳо дӯст намедорам. Бисёр ба сухан аҳамият медиҳам, дуздӣ, яъне ба забони машҳури имрӯз плагиатро намеписандам.

— Яъне, ҳамаи моҷароҳои шумо дар самти суруду мусиқӣ аст?

— Бале!

— Чаро бо Сангалӣ моҷаро кардед?

— Бо Сангалӣ ҳар рӯз моҷаро дорем (механдад). Мо мисли бародарем.

Омодасоз: БЕНАЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *