Аз бунёди 7 корхона то харҷи 250 ҳазор тонна асфалт

Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард фаъолияти гуногунҷанба буда, на ҳама дар бораи махсусият ва нозукиҳои он маълумоти кофӣ доранд. Хоса, дар бораи нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ки нигоҳдориаш ба зиммаи IRS аст. Филиали ин ширкат масъули 348 километр роҳ аст, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ нигоҳубини 24-соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯйи кор меояд.

Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони IRS ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши куҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.

Месазад ёдовар шавем, ки дар давоми фаъолият IRS зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе-Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 250 ҳазор тонна асфалт сарф кардааст. Илова бар ин, нигоҳдорӣ ва азнавсозии 58 кӯпруки ин масир бо хароҷоти зиёд амалӣ гардида, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.

Бамаврид аст зикр намоем, ки дар масире, ки роҳи Душанбе-Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли фаъолияти филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб 2 завод, Зарафшон — 2, Суғд — 3 завод, дар маҷмуъ 7 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.

Ҳамасола тамоюли афзоишро касб намудани офатҳои табиӣ хароҷоти филиали Ширкатро низ зиёд намуд. Соли 2012-ум 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 — 216444, 2015 — 190564, 2016 — 126204, 2017 — 779730, 2018 — 103606, 2019 — 274030, 2020 — 241374, 2021 — 85042 ва соли 2022-юм 172350 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо дар маҷмуъ ба 2988896 метри мураббаъ баробар аст.

Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори куҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе-Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағзиши харҷшуда 105431 метри кубиро ташкил медиҳад.

Айни замон филиали Ширкат соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 224 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта шудаву мавриди истифода қарор гирифтанд.

Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар ин муддат 10 корманди IRS ҳангоми иҷрои вазифа, яъне бартарфсозии пайомади тармафароӣ ва таъмини ҳаракати бехатари шаҳрвандон ҳалок шуданд.

Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳои шафати роҳ зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, соҳилмустаҳкамкунӣ зиёд амалӣ шуда, дар маҷмуъ, нишондиҳандаи марбут ба он 45891 метри мураббаъ аст.

Муҳим он аст, ки ба шарофати корҳои амалишуда аҳли ҷомеа зарурати фаъолияти ширкати зикршударо дарк карданд. Арзи сипоси ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ солҳои охир ба падидаи маъмул табдил ёфта, аҳли IRS-ро беш аз пеш руҳбаланд месозанд.

Б. НЕЪМАТУЛЛО

Акс аз Ф. ФАЙЗУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *