Аз таҳти дил бихандед!
Талош
Писар аз падар пурсид:
– Депутатҳо дар сессия чаро ин қадар шўру мағал мекунанд?
Падар гуфт:
– Ин шўру мағал не, талош аст.
Писар гуфт:
– Талоши чӣ?
Падар гуфт:
– Талоши мансаб.
Беаҳд
– Худи пагоҳ ақди никоҳамонро бекор мекунам,- мегӯяд зан ба шавҳараш.- Бас аст, тоқатам тоқ шуд.
– Боз кори имрӯзаро ба фардо мегузорӣ? Ту доим ҳамин хел ҳастӣ, мегӯиву дар гапат намеистӣ,- даст меафшонад шавҳар.
Ба ҷуз инсоф
Шахсе аз мағозаи тиҷоратӣ меомад. Аз ў пурсиданд:
– Он ҷо чӣ ҳаст?
Гуфт:
– Ҳама чиз, ба ҷуз…
Гуфтанд:
– Ба ҷуз шири мурғ?
Гуфт:
– Не, инсоф!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ