Зимистони Сурия. Ду дидгоҳ аз Тоҷикистон

Ҳаводиси ҳафтаи охир дар Сурия — суқути низоми Асад баъди 53 сол ва фирори Башор Асад баъди 24 соли президентӣ гардиши бузурге дар Ховари Миёна шуд ва вазъро дар ин минтақаи буҳронзада печидатар кард. “Тоҷикистон” дидгоҳи ду коршиносро оид ба воқеаҳои Сурия нашр мекунад.

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили муқовимат бо ифротгароӣ:

— Ҳафтаҳои ахир рӯйдодҳои Сурия баҳсҳои тунд ва ақидаҳои мухталифро ба вуҷуд овардаанд. Фазои майдони иттилоот аз таҳлилҳо ва шиорҳои сиёсӣ, нарм карда гӯем, «шубҳанок» пур шуд. Аз эҳсосот канор рафта, банда мехоҳам чанд нуктаи асосиро қайд намоям:

1. Қудрате, ки танҳо ба неруи хориҷӣ такя мекунад, давомнокии он зери суол меравад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки вақте «дастгирии хориҷӣ» аз байн меравад, режим ба вазъияти хеле ногувор дучор мешавад. Мо шоҳиди он будем, ки чӣ тавр ба истилоҳ “муттаҳидон” риторикаи худро зуд тағйир доданд ва кафшҳои худро дар ҳаво иваз карданд: аз изҳороти баланд оид ба дастгирии ҳамаҷониба то формулаҳои наве, ки “ҷиҳодиён” ва “террористҳо” ногаҳон ба “мухолифони мусаллаҳ”, “ошӯбгарон” ва ҳатто «мухолифи ҳақиқӣ» табдил ёфтанд. Ин гардиш на танҳо чандирии бархӯрди онҳо, балки омодагиашонро барои мутобиқ кардани мавқеи расмӣ ба тағйири воқеияти сиёсӣ нишон медиҳад.

2. Воқеияти Афғонистон собит намуд, ки артише, ки аз рӯи принсипи иттиҳодӣ — қабилавӣ, минтақавӣ ва ё этникӣ ташкил карда мешаванд, дараҷаи ҳавасмандӣ ва маҳорати касбиашон паст мебошад. Чунин сохтор барои ҳифзи давлат чандон фоида надорад, хусусан агар режими сиёсӣ ба буҳрон дучор шуда бошад. Ин воқеиятро Артиши ҳукумати собиқи Афғонистон ва вазъ бо неруҳои мусаллаҳи Сурия тасдиқ мекунанд.

3. Дар натиҷа мо мебинем, ки Асад фирор мекунад ва бо ӯ режиме, ки нарм карда гӯем, инсондӯсту меҳрубон номидан душвор аст, аз байн меравад. Русия пойгоҳҳо ва абзори муҳими нуфуз дар минтақаро аз даст медиҳад. Эрон ҳарчанд ҳузури худро маҳдуд хоҳад кард, аммо ба таври мақсаднок ба вазъ таъсир мерасонад. “Таҳрири Шом” дар воқеияти нави Сурия ба қувваи бартаридошта табдил меёбад. Ба хотири як намунаи демократия, эҳтимолан намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Сурия шомили ҳукумат хоҳанд шуд, аммо танҳо дар таносуби рамзӣ ва гомеопатӣ. Ин фарогир будани сиёсиро нишон дода, ҷомеаи байналмилалиро итминон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар минтақаҳои дурдаст ва анклавҳои этикӣ бархӯрдҳо имконпазиранд, аммо таъсири онҳо хеле кам хоҳад буд.

 4. Ин барои мо хуб аст ё бад? Савол риторикист ва ба он аз ҳар мавқеъ метавон посух гуфт. Аммо хатари аслӣ ин аст, ки ин дувумин ҳодиса пас аз Толибон аст, ки нишон медиҳад, ки неруҳои исломӣ метавонанд бидуни мухолифати ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бозигарони минтақаӣ бо василаи мусаллаҳ ба қудрат даст ёбанд. Гузашта аз ин, мо алакай мақолаҳо бо баррасиҳои ҷолиб ва даъват ба пайравӣ аз ин стратегияро мебинем. Илова бар ин, ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи “Ҳизби Таҳрири Шом” ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия фаъолона ширкат мекунанд, ки ин маънои онро дорад, ки Сурия ба як маркази нави баҳамоии радикалҳо ва ҳаракати байналмилалии ҷиҳодӣ табдил меёбад. Дар бораи решаҳои Ҳизби таҳрири Шом, ки бо Ал-Қоида, Давлати исломӣ ва сохторҳои онҳо зич алоқаманданд, набояд фаромӯш кард.

5. Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки мо афзоиши муҳтавои (контент) ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва ҳамчунин ҷараёни нави радикалҳо ба минтақаи Сурияро интизор хоҳем шуд. Ин эҳтимол бо афзоиши фаъолияти шабакаҳои ҷиҳодӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.

Шералӣ Ризоён, коршиноси масоили сиёсӣ:

— Вазъи Сурия чӣ гуна ба Осиёи Марказӣ метавонад таъсир расонад?

1. Сарфи назар аз баррасиву хулосагириҳо, вазъ дар Сурия ҳоло дар авҷи рушди худ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳама гуна гардишу фаргашт имконпазир аст. Ҳоло як чиз равшан аст: дар пеши чашми мо тамоюли манфӣ, яъне эҳёи бесобиқаи қудратгирии гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад ва онҳо алакай ҷуғрофиёи кишварҳои алоҳидаро идора мекунанд. Ин “сабақ” барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чолишҳои муайянро ба вуҷуд меорад, чун дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия зодагони минтақа низ ширкат доштанд.

2. Барои сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаи нави хатару таҳдидҳо ва имконот пайдо шуданд. Аз ин рӯ, ҳадс задан мумкин аст, ки қудратҳои баҳрабардори аслии фурӯпошии режими Башор Асад дар Осиёи Марказӣ низ ба таври назаррас фаъол мешаванд. Азбаски қудратҳои “пирӯз” ва “бохта” дар Осиёи Марказӣ низ дар канораҳои гуногун қарор доранд, эҳтимоли зиёди афзоиши рақобатҳои онҳо дар ҷуғрофиёи мо ҳам ба назар хоҳад расид.

3. Дар минтақаи мо назди «мухлисон»-и Толибон дуроҳии бузурге пеш омад: оё зарур аст, ки онҳо ба гурӯҳи Ҳайат Таҳрир аш-Шом ҳам “изҳори муҳаббат” карда, вазифаи «обсофкунак»-ро дошта бошанд? Ба эҳтимоли зиёд ҳоло ба чунин кор даст намезананд, чун ҳама гуна кӯшиши сафедсозии гурӯҳи қудратгирифта дар Сурия барои сиёсати дохилиашон паёмадҳои манфӣ дорад. Чунин ба назар мерасад, ки ғасби қудрат аз ҷониби гурӯҳи Ҳайат Таҳрир аш-Шом сиёсати зиддидаҳшатафкании баъзе кишварҳои Осиёи Марказиро хатчадор мекунад. Мутаассифона, бастаи хатару таҳдидҳо дар сӯйи муқовимат ба ифротгароиро даҳшатафканӣ аз будааш бештар хоҳад шуд.

4. Байни фурӯпошии ҳукуматҳои Афғонистон ва Сурия шабоҳатҳое ба назар мерасанд. Мухолифони мусаллаҳ Димишқро ба монанди Кобул (аз ҷумла дигар шаҳрҳои хурду бузург) дар муддати хеле кӯтоҳ бидуни муқовимат “фатҳ” карданд. Бо истифода аз далели мазкур баъзе сенарияҳои ояндаро метавон пешбинӣ кард (агар хати рушди вазъ дар Сурия ба ҳаводиси Афғонистони пас аз моҳи августи соли 2021 монанд шавад). Агар чунин шуд, ба эҳтимоли зиёд мо шоҳид мегардем, ки баъзе қудратҳои “гӯё бохта” аз фурӯпошии режими Башор Асад — дар асл ба баҳрагирандагон табдил меёбанд ва фаъолиятҳои гурӯҳи Ҳайат Таҳрир аш-Шомро маблағгузорӣ мекунанд. Ё ба кишварҳои бохта имкон дода мешавад, ки дар минтақа(ҳо)и дигари ҷаҳон ба хостаҳои худ даст ёбанд.

Дар умум, дар Ховари Миёна қуттии пандораро боз карданд ва дар оянда чӣ мешавад, танҳо Парвардигор медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *