Нурулло Алиев

Ғорати Нурулло Алиев дар Амрико

Аввалин размкори тоҷик дар UFC — Нурулло Алиевро дар Лас — Вегаси Амрико ғорат кардаанд.

Пас аз пирӯзӣ Нурулло дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи “Палас Стейшн” мошини иҷораашро бо тирезаи шикаста пайдо мекунад. Аз мошин 6 борхалта, ки дар дохили онҳо ашёи гуногун, пул, ҳуҷҷатҳо ва дастгоҳҳои электронӣ будаанд, дуздида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло полиси Лас — Вегас тафтишотро оғоз кардааст.

Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуд. Варзишгари Тоҷикистон дар 9 қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 9 пирӯзӣ ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *