Бобоҷон Ғафуров

Қабристони муштарак. Дар муноқишаҳои марзӣ омилҳои инсонӣ набояд фаромӯш гарданд

Қабристони “Дашт” давоми як аср мешавад, ки барои дафни шаҳрвандони ду кишвар — Тоҷикистону Қирғизистон хизмат мерасонад. Ин қабристони ягонаи муштарак мебошад, ки дар минтақаи наздисарҳадии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати Борбордуки ноҳияи Лайлак макон гирифтааст.

Дар ин оромгоҳ аз рӯи маълумоти умумӣ наздик ба 1000 қабр ҷо дорад, ки гуфта мешавад 80 фисадашро тоҷикон ташкил медиҳанд. Зодаи ҳамин ҷамоат, таърихшинос Деҳқонбобо Қодиров мегӯяд, ки қабристони “Дашт” яке аз куҳантарин мазорҳои ҷамоат ба шумор меравад. “Он соли 1924 сохта шудааст. Ҳоло дар он ҷо ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо дафн карда мешаванд. Танҳо як теппаи хурд қабрҳои ду халқиятро аз ҳам ҷудо мекунад”,- мегӯяд ӯ.

Масъулини ҷамоати деҳоти Хистеварз ҳам мегӯянд, ки ин қабристон солҳои тӯлонӣ барои беҳтар гардидани муносибатҳо байни шаҳрвандони ду кишвар хизмат кардааст. Зеро дар иду айёми мусалмонӣ аз ҳар ду ҷониб барои зиёрати қабри гузаштагони худ сокинони зиёд меоянд.

“Аслан, замине, ки қабристон воқеъ гардидааст, пурра ба Тоҷикистон дахл дорад. Сертификати замин ҳам дар дасти мост. Азбаски солҳо боз аз он муштарак истифода бурдаанд, даъвои “ману мо” пеш намеояд. Талош дорем муносибати дӯстона ҳифз шавад”,- гуфт зимни суҳбат бо мо раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз Матлуба Ҷӯрабоева.

Гуфта мешавад, пас аз муноқишаҳои марзӣ ва камтар шудани равуои сокинони ду кишвар, мардум ба зиёрати қабрҳо камтар меоянд, аммо то ҳол маросимҳои ҷаноза дар ин қабристон баргузор мешаванд. Тартиби гузаронидани ҷаноза низ, ба нақли сокинон ва масъулини ҷаноза, чандон мушкил нест. “Вақте ҷаноза мешавад, мо ба сарҳадбонони худ соати баргузории онро мегӯем ва онҳо бо сарҳадбонони қирғиз гуфтушунид менамоянд. Маросими ҷаноза бе ягон мушкилӣ мегузарад”,- гуфт Матлуба Ҷӯрабоева дар идомаи суҳбати худ.

Абдувоҳид Усмонов нафақагир буда, гузаштагонаш дар ҳамин қабристон дафн шудаанд. Ӯ дар мавриди ин қабристон гуфт: “Зиёрати гузаштагон яке аз рукнҳои мусулмонист. Ман низ зуд-зуд ба зиёрат меоям. Дар иди Рамазон ва Қурбон бошад, ҳамроҳи писару наберагонам қабри гузаштагонро зиёрат карда, гирду атрофро тоза мекунем. Шукри Худо, мушкиле надорем дар ин замина”.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода — раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд низ мегӯяд, ки “мазорҳои муштарак танҳо паҳлуҳои мусбат дошта, барои эҳёву барқароршавии муносибатҳои дӯстона манфиатбахш аст”.

Фаррух УСМОНОВ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии федеролии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ мешавад, омода гардидааст. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи муаллифӣ буда, нуқтаи назари Deutsche Welle/DW Akademie-ро инъикос намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *