Бузургдошти Рӯдакӣ дар Машҳад
Рӯзи 25 декабри соли равон дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар пажуҳишгарони тоҷику эронӣ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш китоби тозанашри донишманди зиндаёди тоҷик Аълохон Афсаҳзод “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме” рӯнамоӣ шуд.
Аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон хабар доданд, ки ин ҳамоиш дар чаҳор бахш баргузор гардида, гурӯҳи донишмандони тоҷик бо сарварии Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва рӯдакишиносони маъруфи эронӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзгор ва осори бунёнгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.

Дар маросими ихтитомияи ин ҳамоиш Вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симоии Сарроф, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ҷавон Ҷаъфарӣ ва дигарон суханронӣ суханронӣ намуда, Рӯдакиро яке аз сарҳалқаи пайванди маънавиву фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва намоде аз аз адабиёт ва тамаддуни муштараки тоҷикон ва эрониён номиданд.

Гуфта мешваад, ки дар поёни ҳамоиш баёнияе иборат аз 10 банд қабул шуд, ки дар он 22 сентябр ба унвони рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳарду кишвар, таъсиси котиботи доимии ҳамоиши “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон” дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва баргузории ҳамасолаи ин ҳамоиш ба навбат дар ду кишвар, ҳамчунин иҷрои пажӯҳишҳои муштарак доир ба Рӯдакӣ ва адабиёти аҳди Сомониён пешниҳод гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ