24 лаҳзаи соли 2024
Соли 2024 ҳам ба поён расид ва соли 2025 дарвоза мекӯбад. Соле, ки гузашт, дар тақвими Тоҷикистон лаҳзаҳои хотирмонеро сабт намуд, ки 24-тои онро ёдоварӣ мекунем.
1. “Даҳсолаи таҳкими сулҳ”
24-уми сентябри соли 2024 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ бо мақсади таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ” қабул карда шавад.
2. Хати марз муайян шуд
Пас аз чанд соли гуфтушунид ва музокираҳо, хати марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 пурра муайян шуд. Ин натиҷаи ҳамкориҳои доимии ҳайатҳои марзии ду кишвар ва як қадами муҳим барои таҳкими амният дар минтақа аст.
3. Муаррифии китоби «Тоҷикон» дар Кувайт
4-уми ноябри соли 2024 маросими муаррифии китоби «Тоҷикон» дар Кувайт баргузор шуд. Тарҷумаи арабии китоби «Тоҷикон»-ро донишманд Иброҳими Истанбулӣ анҷом дода, он аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт рӯи чоп омад.

4. Таъсиси 30 000 ҷойи корӣ
Дар соли 2024 Тоҷикистон ба таъсиси зиёда аз 30 000 ҷойи корӣ бо мақсади коҳиш додани бекорӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, муваффақ шуд.
5. Гузоштани нимпайкараи Рӯдакӣ дар Олмон
Дар соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Британияи Кабир гузошта шуд. Ин иқдом ҳамчун нишони эҳтиром ба мероси фарҳангии тоҷикон ва тавсеаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо арзёбӣ мешавад.
6. Барқарор кардани ёдгориҳои таърихӣ ва ворид кардани онҳо ба феҳристи ЮНЕСКО
Дар соли 2024 Тоҷикистон 12 ёдгории таърихии Хутали Қадимро барои ворид шудан ба Феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод намуд. Ҳамчунин, дар поёни сол ҷашни “Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.
7. Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ
Дар моҳи сентябри 2024 бори нахуст Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Намибия ва Гвинея-Бисау Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ имзо кард.
8. Дастовардҳои варзишии байналмилалӣ

Варзишгарони тоҷик дар соли 2024 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 13 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
9. Мусобиқаи байналмилалии «Гран-Слами Душанбе-2024»
Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи байналмилалии «Гран-Слами Душанбе-2024» оид ба дзюдо гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи байналмилалии дзюдо дар моҳи майи соли 2024 баргузор шуд.
10. Конференсияи байналмилалии об
Душанбе мизбони Конференсияи дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор» гардид, ки дар он дипломатияи об ва масъалаҳои муҳими оби кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуданд.
11. Ифтитоҳи биноҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ
Ба хотири баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар кардани шароити зиндагии мардум як қатор биноҳои нави таълимӣ, хидматрасонӣ ва соҳаи иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар давраи соли 2024 зиёда аз 100 бинои таълимӣ дар кишвар ба истифода дода шуд.
12. Ифтитоҳи нимпайкараи Абай Кунанбоев
21-уми августи соли 2024 дар боғи фарҳангиву фароғатии “Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе нимпайкараи Абай Кунанбоев, шоири маъруфи қазоқ бо иштироки намояндагони ду кишвар гузошта шуд, ки барои рушди ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.
13. Иҷрои лоиҳаҳои инфрасохторӣ

Дар соли 2024 дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла корҳо дар неругоҳи «Роғун» бо сарфи 5,2 миллиард сомонӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои БРИКС амалӣ гардиданд.
14. Афзоиши буҷети давлатӣ
Дар соли 2024 буҷети давлатӣ 42,956,463 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардид, ки ин 13% зиёдтар аз буҷети соли 2023 мебошад.
15. Ҷоизаи байналмилалии сайёҳӣ
Тоҷикистон дар маросими “Top Asia Awards 2024” 3-юми декабр ҷоизаи “Кишвари дорои манзараҳои беҳтар”-ро ба даст овард.
16. Ҷоизаҳои фарҳангӣ

Филмҳои тоҷикии “Дар талоши ҳақиқат” ва “Дов” дар фестивалҳои байналмилалӣ дар соли 2024 сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
17. Тоҷикистон ва нишастҳои сарони давлатҳо
Дар соли 2024 Тоҷикистон мизбони як қатор нишастҳои муҳим буд, ки сарони кишварҳо ва намояндагони баландпоя ширкат карданд. Аз ҷумла: Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ду маротиба), нишасти сарони кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид (дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ, сентябр), нишасти сарони кишварҳои ИДМ.
18. Ифтитоҳи бинои Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон
5-уми июли соли 2024 маросими ифтитоҳи расмии биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин биноҳо бо маблағгузории Ҷумҳурии мардумии Чин сохта шудаанд.
19. Раводиди дуҷониба
Дар соли 2024 Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони 25 кишвар низоми бераводиди яктарафаи вуруду будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯзро ҷорӣ кард. Ба ҳамин тартиб, якчанд кишвар низ ба шаҳрвандони Тоҷикистон раводидҳои бепул ё имтиёзнок доданд. Аз ҷумла Қатар, Эрон, Малдив, Италия (барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ), Арабистони Саудӣ (барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ), Покистон (ду намуд виза – сайёҳӣ ва кориро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ройгон кард).
20. Гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар ЮНЕСКО
6-уми июни соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО – шаҳри Париж ҳамоиши байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш пос доштани хотираи Мавлонои Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаю канори олам ҷамъ омадаанд.
21. Рӯзи ҷаҳонии футбол

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми май аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
22. Тоҷикистон меҳмону мизбони рӯзҳои фарҳангӣ
Дар соли 2024 Тоҷикистон мизбони Рӯзҳои фарҳангии кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қатар, Туркманистон ва Федератсияи Русия буд. Ҳамчунин, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Арабистони Саудӣ, Кувайт, Чин, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд.
23. Таъсиси 34 муассисаи тиббӣ

Дар соли 2024-ум 34 муассисаи тиббии нав дар Тоҷикистон бо маблағи умумии 44,1 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. Ин иқдом бо мақсади беҳтар кардани дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ гардида, дар ҳалли мушкилоти саломатии аҳолӣ нақши муҳим бозид.
24. Роҳандозии парвозҳои мустақим ва хастсайрҳои нав
Дар соли 2024 дар Тоҷикистон хатсайрҳои дохилии сайёҳӣ дар Душанбе, хатсайри автобуси Олмалиқ-Хуҷанд, инчунин парвозҳои нави байналмилалии Душанбе-Давҳа ва Душанбе-Риёз роҳандозӣ шуданд.
Таҳияи Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ