Қадами нав дар ҷаҳонишавии забони тоҷикӣ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис дода мешавад.

Дар ин бора ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ректори донишгоҳ, маркази мазкур бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, аз ҷумла низомҳои маъруфи арзёбии забон чун «TOEFL», «IELTS», «ТРКИ» ва дигар стандартҳои эътирофшуда фаъолият хоҳад кард. Ҳадаф аз таъсиси он таҳияи барномаи муосири арзёбӣ ва муайян намудани меъёрҳои сертификатсияи байналмилалӣ барои забони тоҷикӣ мебошад.

Иброз гардид, ки донишгоҳ барои таъсиси маркази махсус, заминаи методӣ ва ҷорӣ намудани низоми арзёбии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ омода аст.

Инчунин, ректор иттилоъ дод, ки соли 2025 донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз давлатҳои Ҳиндустон, Британияи Кабир, Узбекистон, Русия, Қазоқистон ва Амрико 11 ёддошти тафоҳум, созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ба гуфтаи Жило Гулназарзода, яке аз дастовардҳои муҳим имзои созишнома бо Донишгоҳи Кембриҷ барои таъсиси Маркази байналмилалии тестии «Linguaskill» мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *