Қудрат Давлатзода: Донишҷӯён дар замони таҳсил соҳиби таҷриба ва ҷойи кор мешаванд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли гузашта 7 ихтисоси нав таъсис додааст, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар ҳамаи онҳо пурра, яъне 100 фоиз иҷро гардидааст. Яке аз ихтисосҳои навтаъсис-«автомобилҳои гибридӣ ва барқӣ» мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, тақрибан 90 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин мешаванд, зеро донишгоҳ дар доираи барномаи таҳсилоти дуалӣ бо корхонаю ширкатҳои зиёд шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, дар НБО-и “Роғун” чор филиали таълимии кафедраи энергетикаи донишгоҳ фаъолият мекунад. Ҳамчунин, донишҷӯён дар корхонаи «Азот», неругоҳи “Варзоб” ва дигар муассисаҳо дар ҷараёни таҳсил таҷрибаи амалии истеҳсолӣ мегузаронанд.

Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳо бо ширкату корхонаҳо донишҷӯён дар таътили тобистона бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд, ки ин иқдом натиҷаҳои мусбат додааст.

«Донишҷӯён ҳанӯз аз замони таҳсил метавонанд барои фаъолияти ояндаи худ замина гузоранд. Яъне, баъди хатм бекор намемонанд»,- таъкид намуд ректори донишгоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *