Ҳавопаймои низомии Чилӣ дучори фалокат шуд

Дар Чилӣ ҳавопаймои низомии борбари C-130 Hercules суқут кард. Ин ҳавопаймо ба пойгоҳи низомии Чилӣ дар Антарктида парвоз мекард, хабар доданд мақомоти Чилӣ субҳи 10 декабр.

Дар ҳавопаймо 17 узви экипаж ва 21 мусофир ҳузур дошт. Ҳавопаймо аз шаҳри Пунта-Аренаси Чилӣ парвоз кард ва тақрибан баъди 1 соату 15 дақиқаи парвоз аз радарҳо нопадид шуд. Талошҳои барқарор кардани робита бо ҳавопаймо бебарор анҷом шуд. Ҳавопайморо пилоти ботаҷриба идора мекард.

Мақомоти Чилӣ гуфтанд, низомиён ва наҷотдиҳандагон «корҳои ҷустуҷӯиро дар минтақаи тангнои Дрейка идома медиҳанд, ки ҳавопаймо онҷо нопадид шуда буд».

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.