Ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ вориди Суғд шуд

Як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ бо роҳбарии Дилноза Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафтаанд.

Ин ҳайат вазифадор шудаанд, ки ба  аҳолӣ  чӣ гуна пешгирӣ кардани бемории ҳамагири коронавирус ва гузаронидани ваксинаро фаҳмонанд. Дар ин гуруҳи корӣ масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомиланд.

30-юми ноябр қабл аз оғози фаъолияти гуруҳ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбари гуруҳи корӣ Дилноза Аҳмадзода бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ доир гардидааст.

Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд то 4-уми декабри соли ҷорӣ идома меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *