Ҳалокати ду ронандаву як пиёдагард дар натиҷаи ду садама (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётии марговар хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 13-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 01:40 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «ДАФ» Абдураҳимов Абдуғанӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН», таҳти идораи Ёқубҷони Абдумаҷид, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи «ДАФ» Қурбонов Анушервон Илҳомович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин, 12-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 21:10 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Норов Фозилҷон Давлатович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошпулотов Уроқ Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Тошпулотов У. С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *