Муминобод

Ҳалокати кӯдакон дар кӯли яхбастаи Муъминобод

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон се кӯдак зери оби яхбаста монда, ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ин фоҷиа шоми 21-уми январ дар деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод рух додааст. Ба иттилои  кумита се писар, ду нафарашон 5 ва яке 4-сола ҳангоми яхмолак дар болои обанбори деҳа зери ях фурӯ рафта, аз сармо ҷон додааанд.

Ях дар зери пойи чаҳор кӯдак ба вазнашон тоб наоварда шикастааст ва яке аз наврасон зинда мондааст. Худойдоди Бахтиёри 7-сола айни замон дар шифохона будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, ки сокинони деҳа тани беҷони тифлонро аз об берун карда, барои ташхис ба мақомот супурдаанд.

Пештар аз ин фоҷиа дар ноҳияи Ҳисор низ чунин ҳодиса рух додааст. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, рӯзи 19-уми январ ҳангоми гузаштан аз дарёи яхбастаи Хонақоҳ, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷак зери ях фурӯ рафтанд. Бародарро сокинон наҷот додаанд, вале ҷасади духтари наврасро дертар пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро дар ин рӯзҳои сард беназорат нагузоранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.