Ҳамлаи низомии Ҳиндустон ба Покистон
Шаби 7-уми майи соли 2025 Ҳиндустон дар чаҳорчӯби амалиёти низомии “Синдур” ба чанд ҳадаф дар Покистон ва минтақаи Кашмири таҳти назорати Покистон ҳамла анҷом дод. Артиши Ҳиндустон гуфт, ки ҳадафи ҳамлаҳо “зерсохторҳои террористӣ” буд, ки муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи хунин ба минтақаи сайёҳии Паҳалгам дар моҳи гузашта мебошанд.
Ба иттилои расмии Ҳиндустон, дар ин амалиёт 9 макони марбут ба гурӯҳҳои тундрав мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳиндустон мегӯяд, ин гурӯҳҳо масъули ҳамлаи 22-уми апрел ҳастанд, ки дар он 26 нафар, аз ҷумла сайёҳони дохилӣ ва як шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд.
Ба дунболи ҳамлаи Ҳиндустон, Покистон гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо дасти кам 8 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохта ва 35 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Исломобод иддао доранд, ки Ҳиндустон на зерсохторҳои низомӣ, балки манотиқи аҳолинишинро бомборон кардааст.


Покистон дар посух ба ҳамлаи Ҳиндустон чанд амалиёти ҳавоии ҷавобӣ анҷом додааст, ки дар натиҷа, ба гуфтаи артиши Ҳинд, се ғайринизомӣ дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд кушта шудаанд. Покистон инчунин эълон кард, ки то 5 ҳавопаймои ҷангии Ҳиндро сарнагун кардааст, ҳарчанд Ҳинд танҳо як ҳавопайморо тасдиқ кардааст.
Ҳарду кишвар, ки дорои силоҳи ҳастаӣ мебошанд, пас аз ин таниш мактабҳо ва муассисаҳои таълимии наздимарзиро бастанд. Ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ низ дар минтақа бо таъхир ё лағв рӯбарӯ шуданд.
Ҳукумати Покистон гуфтааст, ки ба ин иқдоми “ҷангии Ҳиндустон” ҷавоби фаврӣ хоҳад дод. Вазъи амниятӣ дар минтақа дар ҳоли ҳассостарин қарор дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба оромиш мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ