Ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт сарнагун шуданд

Мақомоти низомии Амрико эълон карданд, ки се ҳавопаймои ҷангии навъи F-15 дар ҳудуди Кувайт сарнагун шудаанд.

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 2 март дар изҳороте гуфт, шаш сарнишини ин ҳавопаймоҳо пеш аз суқут бо истифода аз чатр худро берун андохта, ба замин саломат фаромадаанд. Ба гуфтаи мақомот, халабонҳо ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Мақомоти амрикоӣ сабаби эҳтимолии ҳодисаро тирандозии иштибоҳии нерӯҳои дифои ҳавоии Кувайт арзёбӣ мекунанд. Аммо Эрон иддао дорад, ки ҳавопаймоҳо дар натиҷаи зарбаҳои мушакӣ ё паҳподии он кишвар сарнагун шудаанд. Ҷониби Кувайт дар бораи сабаби дақиқи ҳодиса расман шарҳ надодааст.

Ин нахустин мавриди сарнагун шудани ҳавопаймоҳои Амрико аз оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба зидди Эрон ба шумор меравад.

Дар посух ба ин ҳамлаҳо, Эрон пойгоҳҳои низомии Амрико ва шаҳрҳои атрофи Халиҷи Форсро ҳадаф қарор додааст. Ба гузоришҳо, қароргоҳи Флоти панҷуми нерӯҳои баҳрии Амрико дар Манама, пойтахти Баҳрайн низ осеб дидааст.

Тибқи маълумоти расонаҳо, дар пайи ин даргириҳо се низомии амрикоӣ ҳалок ва шаш нафари дигар захмӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *