Ҳолати хавфнок бо кӯдаки хурдсол дар Душанбе
Дар пайи паҳни наворе, ки дар он як кӯдаки хурдсол дар ҳолати хавфнок — аз тирезаи бинои баландошёна берун баромадаву нишаста буд, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур санҷиш гузарониданд.
Ҳодиса дар кӯчаи Садриддин Айнӣ, бинои 29/9 рух додааст. Маълум шуд, ки кӯдак гирифтори бемории равонӣ буда, чунин ҳолат бинобар беэҳтиётии модараш — Амирҷонзода Б. сар задааст.
Бо модари кӯдак корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба назорати пайваста ва тарбияи дурусти фарзанд анҷом дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ