Ҷанозаи Асланшоҳ Раҳматуллоев соати 10:00 дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам баргузор мешавад

Ҷанозаи ҳунарманди маъруфи театру синамо, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев имрӯз, 28-уми апрел, соати 10:00 дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Асланшоҳ Раҳматуллоев рӯзи 27-уми апрел дар синни 71-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ тайи як ҳафтаи охир гирифтори беморӣ буд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев аз чеҳраҳои шинохта ва маҳбуби театру синамои тоҷик маҳсуб меёфт. Ӯ солҳои зиёд дар саҳнаи театри касбӣ ва филмҳои тоҷикӣ нақш офарида, бо бозии табиӣ ва таъсиргузори худ дар дили тамошобинон ҷой гирифта буд.

Синамо як бахши муҳими фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аст. Дар ин ҷода ба ҳайси актёр ва ҳам ба ҳайси режиссёр кор карда, муваффақият ба даст овардааст. 

Ӯ дар филмҳои  «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телевизиони НТВ) ва ғайра нақшҳои хотирмон офаридааст.

Дар пайи даргузашти ин ҳунарманди маъруф, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, ба онҳо сабри ҷамил таманно намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *