Ҷасади аскари кушташударо дар зодгоҳош ба хок супориданд (аудио)

Зоир Саидмуродов, сарбози кушташудаи тоҷик 27 сол дошта, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мебошад. Ӯ шоми дирӯз дар натиҷаи тирпаронии марзбонони қирғиз кушта шуд.

Ҷасади аскари шаҳидшудаи тоҷик, Зоир Саидмуродовро имрӯз дар оромгоҳе дар деҳаи Маҳрами Ҳотами ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ ба хок супориданд. Нуриддин Сатторзода, муовини раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, хонаводаи аскари кушташудаи тоҷик дар деҳаи Маҳрами Ҳотами ҷамоати деҳоди Ҷиликул зиндагӣ мекард.

“Ӯ соли 2020 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Имсол баъди ба охир расонидани қарзи фарзандии хеш бояд ба зодгоҳаш бармегашт. Вале афсӯс, ки аз аҷал дар амон намонд”.

Сатторзода Нуриддин мегӯяд, дар маросими ҷанозаи Зоир Саидмуродов намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Ӯ афзуд, ки ҳоло роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ дар паҳлӯи оилаи онҳо рост аст. Ба оилаи онҳо кумак карда истодаанд. Дар оянда ҳам ба чунин оилаҳо кумак расонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *