Ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ сахттар шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ тағйиру иловаҳоро қабул кард. Тибқи ин тағйирот, барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷазоҳои сахттар пешбинӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати энергетикаи кишвар, ин тасмим бо мақсади пешгирӣ аз талафоти аз ҳад зиёди нерӯи барқ ва беҳтар кардани ҳисобу китобу назорат дар самти истифодаи он гирифта шудааст.

Қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми март дар ҷаласаи ҳукуматӣ аз “истифодаи ғайрисамаранок ва талафоти аз меъёр зиёди барқ” изҳори нигаронӣ карда буд.

Ҷазоҳои ҷиноятӣ

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ, шахсоне, ки ба таҷҳизоти ҳисоби барқ дахолат мекунанд, нишондодро иваз менамоянд ё бе ҳисобкунак нерӯи барқ истифода мебаранд (дар ҳолате, ки қаблан аллакай ҷазои маъмурӣ ба онҳо татбиқ шуда буд), метавонанд:

🔻ба ҷаримаи аз 27 ҳазору 375 то 41 ҳазору 25 сомонӣ (365–547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шаванд.

Агар чунин амалҳо аз тарафи шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар ҳаҷми калон ё бо маслиҳати пешакӣ аз тарафи гурӯҳ сурат гирифта бошад, он гоҳ:

🔻ҷарима ба андозаи 60 то 90 ҳазор сомонӣ (800–1200 нишондиҳанда) ё аз 3 то 6 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб ё фаъолиятҳои муайян татбиқ мегардад.

Дар ҳолатҳои махсусан вазнин, ки амалҳо бо миқдори махсусан калон, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ содир шудаанд, қонун ҷазои аз 6 то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ҷазоҳои маъмурӣ

Ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ тағйирот ворид карда шуд. Дар асоси он, барои амали зерин ҷаримаи маъмурӣ муқаррар шудааст:

🔻истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунак;

🔻худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;

🔻истифодаи барқ бидуни шартнома бо ташкилоти таъминкунанда;

🔻шикастан ё кандани пломбаҳои асбобҳои андозагирӣ;

🔻дахолати беруна ба таҷҳизоти ҳисобкунӣ;

🔻иваз кардани нишондод бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ.

Ҷаримаҳо дар ин ҳолатҳо чунинанд:

🔻Шахсони воқеӣ: аз 1 500 то 2 250 сомонӣ (20–30 нишондиҳанда).

🔻Шахсони мансабдор: аз 2 250 то 3 750 сомонӣ (30–50 нишондиҳанда).

🔻Шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳо ва ташкилотҳо): аз 15 000 то 22 500 сомонӣ (200–300 нишондиҳанда).

Вазири адлия Музаффар Ашуриён, ки лоиҳаи тағйиротро ба вакилони парлумон муаррифӣ кард, таъкид намуд, ки таҷриба нишон медиҳад, як қатор шахсон бо мақсади сарпечӣ аз пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ ба таҷҳизоти ҳисобкунӣ дахолат мекунанд ё барқро ғайриқонунӣ ба шабака мепайванданд, ки ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *