Қамчибек Тошиевро аз мансаб гиранд?

Дар муроҷиатнома, ки ба номи президент, раиси Жогорку Кенеш ва Прокуратураи генералӣ навишта шудааст, гуфта мешавад, ки қаблан низ нерӯҳои қудратӣ дархост карда буданд, ки Қамчибек Тошиевро аз мақоми раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барканор карда шавад.

Дар як муроҷиатнома, ки гуё аз номи кормандони КДАМ навишта шудааст як қатор айбҳо алайҳи Тошиев оварда шудааст ва дархост шудааст, ки фаъолияти ӯ санҷида шавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномае аз номи гуиё кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон паҳн шудааст, ки дар он аз фаъолияти раиси ин ниҳод Қамчибек Тошиев изҳори норозигӣ шудааст.
Хадамоти матуоти ин ниҳод муроҷиатномаро қалбакӣ хондааст.
Дар муроҷиатнома, ки ба номи президент, раиси Жогорку Кенеш ва Прокуратураи генералӣ навишта шудааст, гуфта мешавад, ки қаблан низ нерӯҳои қудратӣ дархост карда буданд, ки Қамчибек Тошиевро аз мақоми раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барканор карда шавад.

Дар матн якчанд иттиҳомот алайҳи Тошиев ва дархости тафтиш дар кумитаи давлатӣ мавҷуданд.

«Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати кормандони гӯё амалкунандаи хадамоти махсус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, воқеият надорад ва қалбакӣ аст. Ин амалҳои нерӯҳои алоҳидаи манфиатдор яке аз кӯшишҳои интиқоли қувваҳо ва воситаҳо аз вазифаи асосии таъмини амнияти давлат ба дигар тараф мебошад «, — гуфта шудааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *