Қиёмиддин Чақалов ҳам даргузашт

Қиёмиддин Чақалов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик субҳи имрӯз, 14-уми апрел, соати 5:30 аз олам даргузашт. Дар ин бора ба Pressa.tj Аслиддин, писари Қиёмидддин Чақалов хабар дод. Ӯ гуфт, ки падараш чанд моҳ пеш ҷарроҳии рӯдаро аз сар гузаронида буд, аммо аз саломатиаш шиква надошт.

Қиёмиддин Чақалов 76 сол дошта,  дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Қиёмиддин ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват намуд. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд.

Ӯ ҳаррӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд мебошад.

Маросими видоъ бо Қиёмиддин Чақалов имрӯз, 14-уми апрел баъд аз намози пешин дар маркази ноҳияи Файзобод баргузор мешавад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз марги ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Қиёмиддин Чақалов   андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *