Қочоқчиёни тиллоро милисаи таппончадор муҳофизат мекардааст
Суди Душанбе қочоқчиёни 1 тоннаю 380 кило тиллоро номбар карда, ҷазо муайян кард
Суди шаҳрии ш. Душанбе тафсилоти парвандаи пурсарусадои қочоқи наздики 300 миллион асъори хориҷӣ ва 1 тоннаю 376 кило тиллоро баён дошта, гунаҳкоронро ном бурд. Ба ин “афераи сол” ва мусоидат ба қочоқбарон кормандони гумрук ва корманди мусаллаҳи милиса шарик будаанд
Зимни мурофиа муайян шуд, ки Сафаров Маҳмадалӣ Давлатович ва Назаров Субҳиддин давоми солҳои 2018-2020 бо шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, бо ному насаби “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” шинос шуда, барои интиқоли тиллою пули нақд тариқи Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Истанбул маслиҳат кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, Сафаров Маҳмадалӣ барои иҷрои ин кор бародари худ Сафаров Фирдавс ва домодҳояш Раҳмонов Меҳрубону Саидов Ҳасан Асадуллоевичро ҷалб кардааст.
Ин афрод аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 дар 37 ҳолат, ҷамъ асъори хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 207 миллион риёли Арабистони Саудӣ, 2,5 миллион дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб, 55,5 миллион доллари ИМА, 1 миллион фунт стерлинг, 4,4 миллион Евро, 585 ҳазор динори Кувайт, 200 ҳазор доллари Канада ва 1 тоннаю 376 кило тиллоро тариқи фурудгоҳи Душанбе ба Дубайу Истанбул интиқол додаанд.
Таъкид шудааст, ки ин миқдор пули нақду метал дар минтақаи Панҷи Поён дар вилояти Хатлон ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷатҳои содиротӣ қабул карда шуда, онро бо ҳуҷҷатҳои рӯякиву сохтакорона, яъне нусхаи шартномаҳои хариду фурӯши металли қиматбаҳои ширкатҳо — “Suhrob Gheyasi Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” ва “Abdul Naseem Qarizada Jewelliry” бо “Muhammad Zarif Baha General Trading” интиқол додаанд. Дар Дубайу Истанбул моли қочоқиро ба шаҳрвандони хориҷии шахсияташон ба тафтишот номаълум, “Наим Расолӣ” ва “Муҳаммад Зариф” супоридаанд.
Боздошти қочоқбарон 14 ноябри соли 2020 тахминан соати 18:00 сурат гирифта буд.
“Назаров Субҳиддин бо ҳамроҳии Сафаров Фирдавс баъди гузаштани ҳамаи дидбонгоҳҳои дохили Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ба толори парвози ҳавопаймои самти Душанбе-Дубай раҳсипор шудан дастгир гашта, аз онҳо далелҳои шайъӣ, яъне 13 489 638 риёл, 200 000 фунт стерлинг, 89 килою 350 гр тилло ёфта гирифта шуд”, — омадааст дар ҳукми суд.
Чунин қочоқи калон бо хунукназарию мусоидати мақомдорон, аз ҷумла Шарипов Маҳмадризо, нозири калони дидбонгоҳи Гумруки Панҷи поён, Аслонов Зариф, Сайфуллоев Қурбоналӣ, нозирони мушояти гумрукӣ, Аслонов Зариф ва Сайфуллоев Қурбоналӣ сурат гирифтааст. Барои “хизматҳо” аз 700 то 1500 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мушоият мегирифтаанд.
Дар парванда инчунин аз Одиназода Қудбиддин, аколатдори фаврии милиса дар ноҳияи Ҷайҳун зикр мешавад, ки аз 20 октябр то 14 ноябри соли 2020 дар 16 ҳолат бо силоҳи хизматии тамғаи “Макаров” ҳангоми интиқоли пулу тилло ҳамчун муҳофизи мусаллаҳ иштирок намудаст. Барои ҳар як ҳолати чунин хизматрасонии ғайриқонунии худ корманди милиса аз Сафаров Маҳмадалӣ ва ҳаммаслаконаш аз 200 то 350 сомонӣ мегирифтааст.
Дар пайи баррасии қазия суди Душанбе барои қочоқ Назаров Субҳиддинро ба 5,5 сол, Сафаров Муҳаммадалиро ба 5,5 сол, Сафаров Фирдавсӣ — 5 сол, Саидов Ҳасан Асадуллоевич — 5 сол, Раҳмонов Меҳрубон — 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намудааст.
Барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ Сайфуллоев Қурбоналӣ, Аслонов ва Одиназода Қудбиддин ба ду соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ба Шарипов Маҳмадризо барои хунукназарӣ ду соли корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Суд мегӯяд, ки далелҳои шайъӣ 89 килою 343 гр тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риёли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, ки дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ