Қуръони Ҳазрати Усмон. Чӣ тавр нусхаи қадимтарини китоби муқаддас ба Тошканд оварда шуд?
Дар осорхонаи «Мӯйи Муборак» дар шаҳри Тошканд қадимтарин нусхаи Қуръон нигоҳдорӣ карда мешавад, ки ин нусхаи муборак бо супориши халифаи сеюми ислом Ҳазрати Усмони Аффон (р.а) тадвин шудааст.
Мусҳафи мазкур солҳои 644-648 бо хати ҳиҷоии кӯфӣ китобат шудааст. 28 — уми августи соли 2000 барои нусхаи асл будани ин китоб сертификат дода шудааст. Зимни сафари хеш ба Тошканд ба мо саодате насиб гардид, ки ин китобро бо чашми сар бубинем.
Халифаи сеюми ислом Ҳазрати Усмони Аффон (р.а.) дар замони салтанати хеш супориш доданд, ки Қуръон покнавис карда шавад ва шакли аслии он нигаҳдорӣ шавад. Барои ин кори хайр Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саъд ибни Ос, Абдураҳмон ибни Ҳорис (р.а.) сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа шаш нусхаи аввалини Қуръон дастраси мусалмонон гардид.
Нусхаи тошкандиро худи Ҳазрат тиловат мекарданд.
Баъдтар ин нусха ба шаҳри Бағдоди Ироқ оварда шуд. Соли 1375 Амир Темур дар қатори дигар ғаниматҳо ин нусхаро ба шаҳри Самарқанд овард.
Он дар мадрасаи Нодир Девонбегӣ нигаҳдорӣ мешуд. Соли 1869 ин нусха аз тарафи генерал Абрамов ба генерал-губернатори Туркистон Фон Кауфманг тӯҳфа гардид. Баъд ба император ба Санкт-Петербург ирсол гардид.
Соли 1905 аз ин китоб 50 нусха бардошта шуд. Баъди ғалабаи Октябр нусхаи мазкур ба идораи мусалмонони Россия ба Шаҳри Уфа бурда шуд.
Соли 1924 китоби мазкур бо талаби мардуми Сирдарё ба Ӯзбекистон баргардонда шуд. То соли 1989 дар масҷиди Хоҷа Аҳрори шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешуд.
Соли 1989 бо қарори махсуси Ҳукумати Ӯзбекистон ба идораи мусулмонони мамлакат тақдим гардид.
Ин нусха ҳамон нусхаест, ки ҳангоми тиловати он Ҳазрати Усмон (р.а) ба шаҳодат расонда шуданд ва осори хуни муборакашон то имрӯз дар саҳифоти ин китоб боқӣ мондааст. Ҳаҷми китоб 53х 68 буда, шумораи варақҳояш 338-тост. Барои варақ пӯсти оҳу истифода гардидааст. Аз сабаби зарар дидани баъзе саҳифаҳо 69 саҳифааш бо коғази шарқӣ тармим шудааст.
Ҳазорон шукр, ки зиёрати ин Мусҳаф насибам гардид.
Исмоил Зарифӣ, Панҷакент — Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ