Ҳукумат «Талко»-ро фурӯхт?

«Ҳукумат «Талко»-ро фурӯхт» — ин сарусадоест, ки ҳафтаи охир дар сархати расонаҳои кишвар ва мавриди баҳси тезутунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Оё воқеан, Ҳукумат «Талко»-ро фурӯхт? Ба ин суол дар ин матлаб посух ҷустем.

Сухани духӯраи Юе Бин

Эҳтимоли фурухтани «Талко» ба Чин аз як суханронии духӯраи сафири пешини ин кишвар Юе Бин дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон сар зад.

Бин гуфт, ки кишвараш бо сармоягузории зиёда аз ниммиллиарддоллара Ширкати Алюминийи Тоҷик — “Талко”-ро бозсозӣ ва амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил хоҳад дод.

Дар ин мулоқот ҳамчунин Юе Бин ба ихтиёри Чин гузаштани конҳои Тоҷикистонро ҳимоят кард ва онро “ҳамкорӣ ба манфиати тарафҳо” номид.

Ин дипломатии чинӣ дар идомаи суҳбаташ ояндаи “Талко”-ро ҳамчун як корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон маънидод кард.  “Ба назари ман, корхонаи муштарак ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд, ҳам аз лиҳози таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳам суръату вусъат додани фаъолияти он, фурӯши маҳсулот ва ниҳоят даромадани андозҳо ба буҷаи давлати Тоҷикистон. Яъне, дар ин тарҳ на танҳо Чин, балки Тоҷикистон низ фоида ба даст меорад.”-гуфт Юе Бин.

Вале дар суханронии Бин маълум нашуд, ки тақсими саҳмияҳои ду ҷониб чӣ гуна сурат хоҳад гирифт ва назорати “Талко” ба дасти Чин хоҳад гузашт ё дар дасти Тоҷикистон хоҳад монд?

Ин суханони Юе Бин коршиносон ва мардуми кишварро бетараф нагузошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба Чин фурӯхтани бузургтарин корхонаи саноатии кишварро маҳкум карданд.

Чаро мардум ба Бин бовар карданд? Зеро қаблан овоза буд, ки мумкин аст, Чин дар ивази қарзи беш аз ниммиллиарддолларии худ алюминий бигирад ё аз фурӯши ин маҳсулот вомаш баргардонида шавад. Дигар ин ки солҳои охир ба ихтиёри Чин гузаштаи корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромад.

Коршинос: Чин ҳаст, ки 4 тонна тилло мегирем

Умед Давлатов, масъули раёсати масоили соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба ихтиёри Чин додани конҳоро мусбат арзёбӣ кард.

«Ҳарчанд конҳои тиллои Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шудаанд, он замон солона ҳудуди 500 кило тилло истихроҷ мешуду бас. Маҳз бо ёриҳои молии Чин феълан Тоҷикистон дар як сол то 4 тонна тилло истихроҷ мекунад»,- гуфт номбурда ба Радиои «Озодӣ».

Дар мавриди «Талко» бошад Давлатов ба ин манбаъ мегӯяд:  “Мусаллам аст, ки Чин тавлидоти барои муҳити атроф зарарнокро аз кишвари худ берун меоварад. Ширкатҳои чинӣ ба миқдори зиёди алюминий ниёз доранд ва ба ин хотир бозсозии ширкати “Талко”-ро сармоягузорӣ мекунанд. Минбаъд, ширкатҳои чинӣ бо фурӯши алюминийи тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ маблағи сарфкардаи худро бозпас хоҳанд гирифт”.

Коршиносон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро асосан ношаффоф будани ҷузъиёти шартнома бо Чин ба ташвиш овард. 

Изҳороти Юе Бин дар ҳоле садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон харҷи 545 миллион доллари ширкати чинии «СМЕС»-ро танҳо “навсозӣ ба хотири коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади “Талко” меноманд.

«Талко»-ро нафурӯхтаанд

Пас аз сарусадоҳои зиёд дар фазои интернет як манбаи расмӣ аз  Ширкати «Талко» ҷузъиёти созишномаи имзошуда бо Чинро ба «Sputniк» шарҳдод ва фурӯхта шудани ширкатро комилан рад кард. 

Бино ба иттилоъи манбаъ, созишнома миёни “Талко” ва «CMEC» (China Machinery Engineering Corporation), як ширкати давлатии чинӣ моҳи апрели соли равон ба имзо расид.

Дар асоси ин шартнома ширкати чинӣ барои модернизатсияи Ширкати алюминийи Тоҷикистон 545 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. 

Манбаъ мегӯяд, ки Юе Бин аз ҷузъиёти созишнома огоҳ нест, бинобар ин, дар суханрониаш ба иштибоҳ роҳ дод.

«Созишномани мазкур дар чаҳорчӯби EPC+F имзо шудааст, яьне «СМЕС» маблағ ҷалб намуда, корхонаро месозад ва дар охири кор, ба истилоҳ, калидро ба “Талко” таслим хоҳад кард»,-менависад манбаъ.

Ба қавли ӯ, мутолаоти иқтисодиву молиявӣ (ТЭО) — и корхонаро “Талко” бо ширкати “China aluminium” – и Чин омода кардаанд ва «СМЕС» на фақат сармоягузор нест, балки танҳо паймонкори кулл асту ҷалби маблағгузориро ба уҳда дорад.

«Амалан ин як корхонаи ҷадиде хоҳад буд, ки дар ҳудуди “Талко” сохта хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, иқтидори корхона 300 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. Аз он 545 миллион доллари созишнома танҳо 435 миллион барои сохтмон истифода мешавад ва 90 миллиони дигар капитали корӣ аст. Ёдатон бошад, чиниҳо дар Қазоқистон як корхонаи алюминий ба зарфияти солона 250 ҳазор тонро ба ҳазинаи 1 миллиарду 90 миллион доллар сохта буданд. Аён аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон хеле арзон меафтад. Қабл аз ҳама, аз он ҳисоб, ки зерсохторҳои зарурӣ, аз қабили анбори ашёи хом, роҳи оҳан, корхонаҳои маводи истеҳсолӣ ва ғайра вуҷуд доранд», – мегӯяд намояндаи расмии «Талко».

Коршиносе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунад фурӯши “Талко” – ро мазҳака хонд.

«Тасаввур кунед, ки тайи 70 соли охир қимати як тон алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ аз 10 ҳазор ба 1 ҳазору 750 доллари рӯзҳои мо поён омад. Аз сӯи дигар, тайи солҳои ахир абарширкате, назири “Русал” – и Русия дар саросари ҷаҳон дари 6 корхонаи алюминиумашро баст. Ҳатто “China aluminium” – и Чин кори як корхонаашро, ки солона 10 миллион тонна истеҳсол дошт, қатъ намуд. Акнун худ бигӯед, ки “Талко” – ро, ки 45 сол пеш бо технологияи замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, кӣ хоҳад харид? Чиниҳо ку нодон нестанд, ки дидаву дониста, дар як кори беҳуда маблағгузорӣ кунанд”, — афзуд коршинос.

Аммо намояндаи расмии «Талко» пас аз модернизатсия аз ояндаи ширкаташ хушбинӣ мекунад.

Ба ҳар ҳол Тоҷикистон ҳанӯз «Талко»-ро фурӯхтанӣ нест ва ин хушҳолкунанда мебошад, ки чунин як корхонаи бонуфуз моли кишвар боқӣ мемонад…

Баҳсҳои «Талко»

«Талко» ё Ширкати Алюминийи Тоҷик бузургтарин ширкати саноатӣ ё ба истилоҳи мақомот, “корти шиносоии саноати Тоҷикистон” аст, ки то замони буҳрони алюминиумӣ онро бузургтарин манбаъи воридоти асъор ба иқтисоди Тоҷикистон низ мехонданд. Қаблан 45 фоизи даромади буҷаи кишвар аз ҳисоби ин корхонаи бонуфуз буд.

Солҳои охир «Талко» бештар мавриди интиқоди Ҳукумат ва матбуот қарор дорад. Коршиносон борҳо фаъолияти ин ширкатро ношаффоф арзёбӣ кардаанд.

Тоҷикшиноси ғарбӣ Эдвард Лемон дар гузорише бо номи «Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018» навишт, «Талко ба ширкатҳое тааллуқ дорад, ки дар ҷазираҳои Вирҷини Британия сабт шудаанд. Ба ҷои он ки даромади «Талко» дубора ба буҷа ворид карда шавад, он ҳамчун манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландпоя истифода бурда мешавад».

Дигар сабаби интиқоди «Талко» нархи боимтиёзи истифодаи неруи барқ аст, ки дар муқоиса бо харҷи корхонаҳои дигари истеҳсолӣ ва ҳам сокинон хеле ночиз аст. Бо вуҷуди ин аз ШСХК «Барқи Тоҷик» қарздори калон мебошад. Бинобар ин, қаблан чандин маротиба низ пешниҳоди фурӯхтани ширкат ба миён омада буд.

“Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар қатори неругоҳҳои барқи-обии «Норак» ва «Роғун» аз соли 2009 ба ин сӯ моликияти истисноии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин тамоми заминаҳо барои хусусӣ ва ё фурӯши саҳмияҳои он ба ширкату кишварҳои хориҷиро аз миён мебарад.

Одил Нозир, «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *