Ҳар нафар талош мекард, пояи тобути ӯро гирад. Зодрӯзи Нигини санъати тоҷик

Нигина овозхоне аз миёни мардум буд, оҳангҳои сурудааш ҳамеша аз дилҳои мардум бармехостанд. Ҳамин вижагӣ буд, ки таронаҳои сурудааш ба зудӣ ба дили хурду ҷавон, ошнову ноошно, худиву бегона камин мегирифтанду ҳеч гоҳ майли тарк ба сар надоштанд. Мардум низ ӯро ҳамеша мисли хоҳари бузургашон ва ё касе ки барояшон хеле азиз аст «Апаи Нигина» мегуфтанд.

Дар маросими видоъ бо Нигина Рауфова дар манзилаш ба қавле «ҷойи сӯзанпартоӣ набуд». Ҳар нафаре, ки хабари маргашро шунид, роҳ сӯйи манзили ӯ гирифта буд. Чеҳраҳои саршиноси тоҷик ҳамагӣ онҷо буданд. Аз вазиру кабир то фақиру сағир.  Ҳар нафар талош мекард, пояи тобути апаи нозанинашро ба даст бигирад ва бо ӯ то охират видоъ кунад. Ҳама бо дард «Алвидоъ апаи ширин» мегуфтанд.

Нигина Рауфова овози дилнишину ҷолиб дошт, сурудро бо услуби хос месароид. Ӯ махсусан дар иҷрои суруду таронаҳои ишқӣ-лирикии халқӣ, инчунин дар сурудани офаридаҳои оҳангсозони тоҷик маҳорати баланд дошт.

Нигина Рауфова кист?

Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодиияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе (1969—1970) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид.

Солҳои 1971—1975 сарояндаи Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» (1975—1976), аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва баъд ансамбли «Дарё»-и Комитети ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд.

Эҷодиёт

Дар эҷоди Нигина Рауфова сурудҳои халқӣ — «Ёрат манам», «Қадат баланд аст ёр», «Ман садқаи ту», «Намепурсӣ номи ман», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонате», «Ошиқам» (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Лоиқ), «Аскарбача» (оҳанги X. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ), «Бӯи гул» (оҳанги 3. Шаҳидӣ, шеъри Мирзо Турсунзода), «Ишқи хубон» (оҳанги М. Сафармамадов, шеъри халқ), «Кош медидам туро» (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ) ва ғайраро дучор омдаан мумкин аст.

Инчунин, ба сурудҳои «Хуш омадед», «Наргиси шаҳло» «Файзобод», «Рубоиёт» худаш оҳанг бастааст. Ҳамроҳи Ансамбли рубобчизанон ва ансамбли рақсии «Лола» ба Белоруссия, Молдова, Украина, Фаронса, Афгонистон, Эрон сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Ҷоизаҳо

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Нигина Рауфова 22 декабри соли 2010 дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт. ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб дафн карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *