Ҳимояи марзу буми кишвар ва 9 пешниҳод дар партави Паёми Пешвои миллат

Ҳайати шахсии Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир” дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми азизи кишвар, Паёми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмонро, ки 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд.

Паём барои мо — сарҳадбонон, барои мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, нигоҳ доштани тартиботи дохилӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангӣ дар ҳимояи марзу буми кишвар, ҳамчун Дастури барномавӣ ба шумор меравад.

Мардуми куҳанбунёди тоҷик Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як умеди пешравиҳову навгониҳои мамлакат, дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва мудофиавии кишвар шуниданд.

Аз Паём маълум гардид, ки дар тӯли 31 соли истиқлолият кишвари мо ба комёбиҳои беназир мушарраф гардид. Давлату Ҳукумати мамлакат барои соли 2023 барномаву стратегияҳои мудофиавиро таҳия намуда, онҳо дар вазорату идораҳои дахлдор ба нақша гирифта шуданд. Бинобар ин, ҷанбаи таҳкимбахшандаи Паёмро дар мустаҳкам намудани марзу буми кишвар зери таҳлил қарор медиҳам.

Баъди аз русҳо ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик вогузор гардидани ҳимояи Сарҳади давлатӣ, аз роҳбарияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронидани ислоҳти ҳарбӣ тақозо шуд. Зеро на танҳо дидбонгоҳҳои сарҳадии фарсудаву сохташудаи солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузашта таъмирталаб буданд, балки тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси сарҳадӣ, сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадии нави ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, бо силоҳу аслиҳа, техникаҳои ҳарбӣ, сагҳои хизматӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ таъмин намудани сарҳадбонон ба миён омад.

Дар асри XXI мамлакатҳои абарқудрат барои амалигардонии сиёсатҳои мураккабу пасипардагии хеш ҳамагонро ба ташвиш оварданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ бо таъкиди он, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардидааст, гуфтанд, ки барои таъмини амнияти аҳолӣ ва мустаҳкам кардани ҳимояи марзу буми кишвари азизамон чорабиниҳои зиёде ба анҷом расонида хоҳад шуд. Сулҳу оромӣ беҳтарин неъмат барои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Роҳбари давлат қайд намуданд, ки солҳои охир гурӯҳҳои гуногуни экстремистиву террористӣ мақсади халалдор сохтани сулҳу амнияти кишвари моро доранд.

Вақтҳои охир ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содиршаванда, ки аксари мардум аз моҳияти ин ҷиноятҳо то фаро расидани натиҷаи онҳо бохабар намешаванд, ба авҷи аълои худ расидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки масъалаи таъсиси «Маркази ягонаи иттилоотӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору вазоратҳо омӯхта, хулосаҳои худро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки кишвари ҳамсоя ва ҳамсарҳадамон — Ҷумҳурии Қирғизистон барои як порча замин, ки таърихан моли мо тоҷикон аст, таҳдидҳо ва рафтори ғайрибашардӯстона мекунад, ки боиси ташвиш ва саргардонӣ мебошад.  Ҳарчанд аз ҷониби кишвари мо сиёсати сулҳҷӯёна ва муносибати башардӯстона ба роҳ монда мешавад, аммо дар ҷавоб аз ин кишвари ҳамсоя ҳеҷ муносибати мусбат ва оштипазир дида намешавад. Ин ва дигар хатарҳои эҳтимолиро ба назар гирифта, ба Вазорати мудофиа ишора намудаву таъкид карданд, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити фароҳам ва хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин карда шавад. Яъне, хизматчиёни ҳарбӣ ҳамаҷониба барои ҳимояи марзу буми Ватан омода карда шаванд.

Пешвои муаззами миллат хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон ҳамчун мактаби мардонагӣ мешуморанд. Барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муҳофизати кишвар тарбия намудани ҷавонон таъкид менамоянд. Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат супориш доданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шавад. Ин руҳияи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро дар ҳимояи марзу буми кишвар баланд мебардорад.

Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки вазъияти печида ва мураккаби имрӯза моро водор месозад, ки барои бо яроқу аслиҳа муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва омода намудани хизматчиёни ҳарбӣ баҳри мудофиаи марзу буми кишвар тадбиру чораҷӯиҳои муфидро амалӣ намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиа супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар “Консепсияи мудофиаи миллӣ” таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар даврони истиқлол мо шоҳиди онем, ки баҳри омода намудани сарҳадбонон аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат тадбирҳои муфид андешида шуда, шароити арзанда муҳайё карда мешавад. Ҷавонони мо дар ДОС КДАМ ҶТ ва дигар мактабҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, касби пуршарафи “сарҳадбонон”-ро интихоб намуда, баҳри амнияти давлату ҷомеа дар ҳимояи хати Сарҳади давлатӣ шабзиндадорӣ мекашанд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Ятимов С. С. дар асари хеш менависанд, ки “амнияти миллӣ ва амнияти давлат бо ҳам тавъманданд”.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш қайд карда буданд, ки “бехатарии мамлакат аз сарҳад вобастагӣ дорад”. Бо ин мақсад сол аз сол сохтмони отрядҳо, комендатураҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ зиёд шуда истодааст, ки аз як тараф ба зичшавии онҳо оварда расонад, аз тарафи дигар ба мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Соли 2019 Гимназияи ҳарбии ҚС КДАМ ҶТ “Ворисони Куруши Кабир” таъсис дода шуд, ки айни ҳол наздики 200 нафар курсантон таҳсил намуда, барои таҳсили онҳо шароити хуб муҳаё карда шудааст. Хатмкардагони Гимназияи ҳарбӣ имкон доранд ба донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳарбии дохилу хориҷи кишвар рафта таҳсил намоянд. Дар марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ ба омода намудани ҷавонон барои ҳимояи марзу буми кишвар шароити хуб фароҳам оварда шудааст, ки ин аз чораҷӯӣ ва тадбирҳои неки Роҳбари кишварамон шаҳодат медиҳад.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз он ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба баҳри пешравӣ ва таъмини амнияти марзу бум идома медиҳад.

Президенти мамлакат қайд намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ба вуҷуд омадааст, ки гаравидани ҷавонон ба онҳо хатари зиёд дорад. Бинобар ин, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул карда шуд. Аз ин бармеояд, ки ҷавонон бояд ватандӯсту ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва марзу буми кишвари азизамон ҳамеша омода бошанд.

Дар охир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он бояд вазифаи ҳар як шаҳрванд ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар фарди бонангу баномус ва ватандӯсту ватанпарвар бошад.

Ватандорӣ хуб аст, лекин Ватанро дӯст доштану ҳимоя кардан боз мушкилтар аст.

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Барои беҳдошти сифати даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки сол аз сол миқдори он меафзояд, якчанд ПЕШНИҲОДРО ба самъи шумо мерасонем.

Якум, донишҷӯёни курси 4-уми мактабҳои олии кишвар, ки бо таври бакалавр таҳсил менамоянд, ба муҳлати як сол ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда, баъди адои хизмат ба курси таҳсилкардаашон барқарор ва аз адои пардохти шартномаи таҳсил озод карда шаванд.

Дувум, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, ба хизмати давлатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, вазорату идора, заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаҳо ба кор қабул карда нашаванд.

Сеюм, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, ба онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ, омода намудани маводҳои ҳавлӣ барои шахсӣ кардан, амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои нотариусӣ ва аз ҳудуди мамлакат берун баромадан манъ карда шавад.

Чорум, даъвати ҷавонони аз синни 18 то 27-сола ба синни 18 то 29-солагӣ барои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудан дароз карда шавад.

Панҷум, шаҳрвандоне, ки ду фарзанд доранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда, ба ҳар як фарзанди онҳо ҳармоҳа 300 (сесад) сомонӣ то синни 12-солагӣ муқаррар карда шавад.

Шашум, ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адо намудаанд, ба қисмати буҷетии доишкадаву донишгоҳҳои мамлакат бе мамониат қабул карда шаванд.

Ҳафтум, барои баланд бардоштани мақоми хизмати ҳарбӣ дар мамлакат барқарор намудани имтиёзҳои бекоркардашуда (бепул кардани маблағи истифодаи барқ, телефони хонагӣ, аз андози автомашинаи шахсӣ, замини наздиҳавлигӣ ва андози хона озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, барқарор намудани музди меҳнати 13-ум, истифодаи нақлиёти шаҳрӣ, истифодаи бепули хизматрасонии тиббӣ ва санаторияҳо барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ, барқарор намудани ипотека барои хизматчиёни ҳарбӣ баҳри гирифтани хона ё замини назди ҳавлигӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат) зарур аст.

Ҳаштум, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкадаву донишгоҳҳои ҳарбӣ барои ихтирои силоҳ ва бесарнишинҳои разведкавию зарбазан ва такмили саноати истеҳсолии лавозимоти ҳарбӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Нуҳум, баҳри такмил ва инкишоф додани илми ҳарбӣ ташкил намудани Академияи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тани қавииродаву шикастнопазири хеш дар устувор нигоҳ доштани амнияти марзу буми Ватани азизамон ҳамеша омодаанд.

МИРЗОЗОДА Бадриддин Қиёмиддин,

Генерал-майор, Сардори Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *