Ҳошим Гадо: «Имрӯз дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист!» (видео)

Имрӯз, 10 майи соли 2021 Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ба синни 84 расид, ки муборакашон бод.

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи- драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.

Ҳошим Гадо ҳамчунин коргардони бисёре аз намоишҳост, ки маъруфтаринашон намоиши «Эдип» аст. Бояд гуфт, ки намоишиномаи мазкур беш аз сад бор иҷро шудааст. Вай соли 2008 дар чорчӯби ҷашнҳои бузургдошти Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномае дар бораи зиндагии сардафтари адабиёти порсӣ офарида ва намоиш дод. Вай ҳамчунин дар беш аз 50 филми коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш иҷро кардааст.

Дар зер мо мусоҳибаи Одил Нозирро пешкаш мекунем:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *