Ҳукумат ворид кардани озуқаворӣ ва сузишвориро аз андозу боҷу аксиз озод кард
Қаблан парлумон бо тағйири қонуни буҷаи соли 2021 барои вуруди сӯзишворию маводи хӯрока бе пардохти боҷу андоз иҷозат дода буд
Президенти Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба Агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ барои вуруди анвои озуқаворӣ ва сӯзишворӣ бе пардохти боҷ, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дод.
Ҳукумат бо қарораш ҳаҷму номгӯйи маҳсулотеро, ки бидуни пардохти боҷу андоз ворид мегарданд, тасдиқ намуда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки анҷоми саривақтии расмиёту истифодаи мақсадноки ғизо, бензин ва сӯзишвории дизелии воридшавандаро таъмин созад.
Қаблан парлумон бо тағйири қонуни буҷаи соли 2021 барои вуруди сӯзишворию маводи хӯрока бе пардохти боҷу андоз иҷозат дода буд. Ҳадафи ин иқдом таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ гуфта мешавад.
Аммо маълум нест, ки ин иқдом то куҷо ба нарх дар бозор таъсир хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ