Вазорат: Ба Қирғизистон наравед!

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон шаҳрвандон бояд ба сафорат дар Бишкек муроҷиат кунанд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки аз сафар ба Қирғизистон ва ё гузаштан ба кишварҳои дигар тавассути Қирғизистон (транзит) худдорӣ кунанд.
Дар иттилоияе, ки шоми 26-уми май нашр шуд, масъулон гуфтаанд, “аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор машғуланд, хоҳиш карда мешавад, аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.”
Вазорат аз мардум дархост кардааст, “дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон” ба сафорат дар Бишкек муроҷиат кунанд.
Ин тасмим пас аз он эълон шуд, ки як ҳавопаймои “Сомон Эйр” шаби 25-уми май бо тақрибан дусад мусофир ба Бишкек рафт, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ворид шудан ба фурудгоҳро наёфта, дубора ба Душанбе пас гаштанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, аз 21-уми май нисбат ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ карда шудааст. Ҷониби Тоҷикистон эълон кард, ки дар ин бора огоҳии расмӣ нагирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *